22:20 04 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.56
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
516 0 0

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулрў Ҷабборзода бо назардошти таҳлилу баррасии вазъи кунунии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон  дар Русия, барои  ҳалли мушкилоти мавҷуда ба кормандони Намояндагӣ супоришҳои мушаххас додааст

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Рӯзи 13 май аз ҷониби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулрў Ҷабборзода бо роҳбарият ва ҳайати кормандони намояндагии Вазорат дар Русия тариқи скайп машварати корӣ анҷом дод.

Бино ба гузориши Вазорати меҳнат, зимни машварати корӣ масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дар давраи пандемия, ҳалли саривақтии муроҷиат ва мушкилоти онҳо, ҳамоҳангсозии фаъолияти диаспораҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикон барои мусоидат ва кумак ба муҳоҷирони меҳнатӣ, мусоидат барои бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаҳои Федератсияи Русия, инчунин тақвияти корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардидаанд.

Қайд гардидааст, ки  барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ кормандони Намояндагӣ дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Тоҷикистон, консулгариҳои Тоҷикистон ва диаспораҳои тоҷик дар ин давлат мунтазам кор бурда истодаанд.

Нашри намоҳанги нави Муродовҳо ба таронаи "Мусофир": устоди санъат бо имиҷи нав

Вобаста ба ин роҳбарият ва ҳайати кормандони Намояндагӣ дар ҳавзаҳои федералии Урал, Приволже, Сибир, Ҷануб ва Шимолу Ғарби Федератсияи Русия, шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург роҷеъ ба вазъи кунунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ва корҳои анҷомдодаи Намояндагӣ дар манотиқи гуногуни кишвари қабулкунанда гузориши мафассал манзур намудаанд.

Манбаъ афзуда, ки дар интиҳои машварати корӣ вазир бо назардошти таҳлилу баррасии вазъи кунунии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон  дар Русия, барои  ҳалли мушкилоти мавҷуда ба кормандони Намояндагӣ супоришҳои мушаххас додааст.

Барчаспҳо:
ҳалли мушкилоти муҳоҷирон, муҳоҷир, вазир, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ

Мавзӯъҳои асосӣ