02:55 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
212 0 0

Дар вилояти Калугаи Русия устои хишкоре аз Тоҷикистон ҳангоми фаровардани масолеҳи сохтмонӣ аз ошёнаи нуҳум сарозер шуда, дар ҷои ҳодиса ҳалок шудааст

 ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар шаҳри Обнински вилояти Калугаи Русия ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ як муҳоҷири тоҷик аз баландӣ афтода ҳалок шуд, хабар медиҳад Кумитаи тафтишотии Русия.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса 29 июн дар майдони сохтмоние дар шаҳри мазкур рух додааст.

Тавре Кумитаи тафтишотӣ менависад, устои хишткори тоҷик 59 сол дошт. Ӯ дар ошёнаи 9 қарор дошт ва масолеҳи сохтмониро мефаровард.

"Ҳамин вақт масолеҳи сохтмонӣ мерезад ва мард аз баландӣ ба ҳудуди берун аз майдони корӣ меафтад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Дар натиҷа, муҳоҷири 59-солаи тоҷик дар ҷои ҳодиса ва то расидани ёрии таъҷилӣ ҳалок шудааст.

Тафтишоти қазия идома дорад.

600 муҳоҷири тоҷики дар марзи Қазоқистон дармонда ба Ватан расиданд

 

Мавзӯъҳои асосӣ