03:43 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
798 0 0

Теъдоди хоҳишмандон ба парвозҳои чартерӣ аз шумораи парвозҳои ҳамоҳангшуда 3-4 маротиба бештар аст, аз ин рӯ сафорат барӯйхатгириро қатъ кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 7 июл дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар Русия, дар шаҳри Маскав ҷамъ омаданд, то масъалаи парвозҳои чартериро мушаххас кунанд. 

Аксари онҳо борҳо барои дарёфти чипта ва парвоз ба Ватан, дархост фиристодаанд, вале бе натиҷа.

Ин масъаларо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод.

Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз АМА бозмегардонад: рӯзи парвоз дақиқ шуд

Ба гуфти Сатторов сабаби ягонаи ба таъхир афтодан - нарасидани ҷой дар ҳавопаймоҳо мебошад.

"Вақте шумораи дархостҳо чанд маротиба аз теъдоди ҷойҳо дар ҳавопаймо бештар шуд, мо қабули дархостҳоро қатъ кардем", - гуфт Имомуддин Сатторов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфти ӯ, айни замон бояд масъалаи фиристодани ашхосе, ки дархосташон қабул шуд, ҳал кард.

"Шумораи одамон тамом намешавад. Як хел одамон ду се бор меоянд. Қабули дархостро дар сурате, ки медонем имкони фиристодан нест, ман нодуруст мешуморам. Мардум намехоҳад интизор шавад. Онҳо дар ҳаросанд, ки мавҷи дуюм сар мешавад ва боз карантин эълон мешаваду онҳо наметавонанд парвоз кунанд", - шарҳ дод Сатторов.

Барчаспҳо:
ҷадвали парвозҳо, парвозҳо, Тоҷикистон, Русия, Имомуддин Сатторов, издиҳом

Мавзӯъҳои асосӣ