07:49 12 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
70501

 Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон гуфт, созишномаи Тоҷикистону Русия сари нафақаи муҳоҷирин дар ҳолати ниҳоӣ шудан аст

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дилмурод Давлатзода, директори Агентӣ зимни нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, лоиҳаи созишнома миёни ду тараф мувофиқа шуда, моҳи май бояд ба имзо мерасид, ки ба далели буҳрони “вируси корона” ба таъхир афтод.

“Русия дар оғоз шартҳои моро қабул намекард, аммо пас аз чанд давраи музокирот ба истиқболи мо рафт. Шартҳои моро пазируфтанд, мо ҳам шартҳои онҳоро пазируфтем. Тасаввур кунед, ки шаҳрвандони мо тавре дар кишвари худ нафақа мегиранд, пас аз имзои ин шартнома дар Русия ҳам аз чунин ҳақ бархӯрдор хоҳанд шуд”, - гуфт Дилмурод Давлатзода.

Зарурати созишнома

13 марти соли 1992 пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ теъдоде аз аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (ИДМ) "Созишномаи тазмини ҳуқуқи шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ дар заминаи нафақа" як муоҳидаи байнуламилалӣ имзо карданд.

Ин созишнома танзими ҳуқуқи бознишастагӣ барои шаҳрвандони Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украинаро танзим мекунад.

Бино ба он, кишварҳои узв муваззаф мешаванд, ки дар ҳоли пазириши шаҳрванди якдигар нафақаи ӯро низ таъмин кунанд.

Путин гуфт, Русия ба кадом гурӯҳи муҳоҷирон ниёз дорад

Тибқи иттилои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, дар ҳоли ҳозир 220 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия нафақа мегиранд.

Аммо директори Агентӣ мегӯяд, Русия ин шартномаҳо бо кишварҳои ИДМ – ро яктарафа бекор карда истодааст ва Тоҷикистон мехоҳад ба хотири ҳифзи манофеъи шаҳрвандонаш бо он кишвар як созишномаи дигареро ба имзо расонад.

“Ин шартнома ба он хотир аст, ки ҳамаи шаҳрвандони мо аз нафақа бархӯрдор бошанд. Аксарияти онҳо, ки на фақат дар ба Русия, балки дигар кишварҳо рафта, кор карда меоянд, дар ягон ҷо ба қайд гирифта нашудаанд. Агар як нафар дар Русия кор кунаду андози иҷтимоиро дар он ҷо ё дар ин ҷо насупорад, нафақа намегирад. Дар ҳарду кишвар нафақахӯри иҷтимоӣ ё ба қатори он афроде, ки кор накардаанд, дохил мешавад”, - гуфт Дилмурод Давлатзода.

Тибқи иттилои расмӣ, нафақаи иҷтимоӣ чизе дар атрофи 25 сомонӣ, муодили 25 доллари амрикоист.

Сарбории буҷет

Тоҷикистон соли 2011 Қонуни нави нафақа ва суғуртаи иҷтимоиро қабул кард, ки аз соли 2013 ба иҷро даромад.

Дар гузашта нафақа дар кишвар аз рӯи кори 3 соли ахири шаҳрванд муайян карда мешуд, бахусус ин ки ӯ чӣ қадар маош гирифтаву чӣ қадар андоз супоридааст.

Бино ба қонуни нав, шаҳрвандон фақат вақте ҳақ ба нафақа пайдо мекунанд, ки андози иҷтимоиро супоранд. Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мегӯяд, интизории Тоҷикистон аз имзои созишнома бо Русия ин аст, ки шаҳрвандонаш аз нафақа бархӯрдор бошанд, аммо ин ҳам сарборие сари буҷети худи кишвар хоҳад овард.

“Бори гарони ин созишнома аздусар ба дӯши буҷети Тоҷикистон меафтад. Чаро? Шаҳрванд дар Тоҷикистон кор карда, ба Русия рафт ва он ҷо ба нафақа баромад. Мо аз ин ҷо нафақаи ӯро ба Русия мефиристем. Ин сарбории буҷети мо, аммо ба манфиати қариб 800 ҳазор нафар шаҳрванди мост, ки дар он кишвар зиндагӣ мекунанд. Хоҳ – нохоҳ мо бояд шаҳрвандони худро ҳимоят кунем”, - гуфт Дилмурод Давлатзода.

Шумори умумии муҳоҷирин дар Русия аниқ шуд: тоҷикон беш аз ним миллион

Музокирот сари нафақаи муҳоҷирин соли 2018 миёни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон ва вазорати меҳнати Русия оғоз шуда, як соли ахир се даври он баргузор шудааст. Эҳтимол дорад моҳи октябр ҷонибҳо дигарбора сари миз баргарданд.

Мавзӯъҳои асосӣ