12:48 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
118 0 0

Созмони байналмилалии муҳоҷират – Оҷонси муҳоҷирати Созмони Милал дар ҳамкории наздик бо Ҳукумати Тоҷикистон ба бозгашти беш аз 300 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон дармонда буданд, мусоидат намуданд

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Созмони байналмилалии муҳоҷират  (СБМ) мавҷи нави муҳоҷирони тоҷик, ки дар гузаргоҳи марзии Жибек Жоли дармонда буданд, имрӯз 3-юми сентябр ба Тоҷикистон баргаштанд.

Гуфта шудааст, ки ин ибтикорро Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳамоҳанг намуд ва онро намояндагиҳои СБМ дар ҳар се ҷумҳурӣ созмон доданд.

“Ин амалиёти интиқол бо ёрии молии Подшоҳии Норвегия сурат гирифт”,-афзудааст манбаъ.

Тибқи иттилои манбаъ, аз оғози маҳдудиятҳои марбут ба бемории фарогир, Созмони байналмилалии муҳоҷират ба бозгашти беш аз 2100 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон тавассути Ӯзбекистон ба ватан мусоидат кардааст.

Гуфта мешавад, дар ин миён, занону кӯдакон, муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯён низ ҳастанд, ки дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон бо умеди идомаи роҳ ба Тоҷикистон ҷамъ омада буданд.

Созмони байналмилалии муҳоҷират таъкид доштааст, ки бемории фарогири КОВИД-19 ҳукуматҳоро водор намуд, то ҷиҳати пешгирӣ аз густариши вирус чораҳои зарурӣ андешанд. Ин чораҳо, ҳамчунин, аз маҳдудиятҳои сафар ва ҳаракат ҳам иборат буданд, ки ба ҳама таъсир расониданд, ва баъзе аз ин чораҳо вазъи осебпазири муҳоҷиронро мушкилтар гардонида, дар натиҷа, боиси бандмонии шумораи зиёди муҳоҷирон гардиданд.

Бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон бо кумаки Подшоҳии Норвегия сурат гирифт

Дар ҳамин ҳол, Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират зикр кардааст, ки аз меъёрҳои пешгирӣ аз густариши КОВИД-19 истиқбол мекунад ва ҳамзамон, ба эҳтироми ҳаққи муҳоҷирон ва аҳли хонадони онҳо барои бозгашт таъкид менамояд.

Барчаспҳо:
марз, муҳоҷирин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ