21:23 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
487 0 0

Дар Русия қонуни ҷадид мавриди амал қарор гирифт, ки бар асоси он, хориҷиёни соҳибхона дар ин кишвар метавонанд хориҷиёни дигарро ба қайд гиранд

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Қонуни ҷадиди федералии Русия иҷозат медиҳад, ки хориҷиёни соҳиби манзили истиқоматӣ дар Русия ба ҳайси қабулкунандаи хориҷиёни дигар бошанд.

Бар асоси ин қонун, соҳибхонаҳои хориҷӣ метавонанд, шаҳрвандони хориҷиро дар манзилашон ба қайд гиранд.

Санади мазкурро Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ҳанӯз моҳи июни соли равон имзо карда буд. Инчунин тағйироти дахлдор ба қонуни Русия дар бораи сабти шаҳрвандони хориҷӣ ворид гардиданд.

Аз имрӯз афроди хориҷӣ ё бешаҳрвандие, ки дар Русия манзили истиқоматӣ доранд, қонунан дар Русия ҳақ доранд, хориҷию бешаҳрвандиҳои дигарро дар манзили зисташон ҷой диҳанду сабт кунанд.

Ғайр аз ин қонуни нав иштирокдорони барномаи кӯчондани ҳамватанон ба Русия ва аҳли оилаашшонро аз уҳдадории сабт дар ҷои иқомат ба муҳлати на зиёда аз 30 рӯз озод мекунад.

Барчаспҳо:
қонун, муҳоҷирон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ