15:48 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
350 0 0

Ҳукумати Русия саҳмияи ҷазби коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ин кишварро дар соли 2021 эълом кард, ки бинобар он муҳоҷирон дар дорухонаҳову марказҳои тиҷории бузург ба кор гирифта нахоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik.  Ба гузориши сомонаи итилоърасонии ҳукумати Русия, коргарони муҳоҷир метавонанд бештар дар бахшҳои хадамоти шаҳрӣ, ҷангал, сохтмонсозӣ, кишоварзӣ ва ҳамлунақл фаъолият кунанд.

Саҳми ин афрод дар бахши сохтмонсозӣ дар соли 2021 наздик ба 80 дарсад хоҳад буд.

Дар кишоварзӣ, буридани ҷангал ва саноати мебелсозӣ саҳми коргарони муҳоҷири хориҷӣ 50 дарсадро ташкил хоҳад кард. Ин афрод дар бахши ҳамлунақли умумӣ дорои 25 дарсад саҳмияи истихдомӣ шудаанд.

Аммо дар бахши варзиш ба онон 25 дарсад саҳмия ихтисос ёфтааст. Дар фурӯшгоҳҳои хурд ба коргарони муҳоҷири хориҷӣ 15 дарсад иштиғол муҷоз дониста мешавад.

Бар асоси гузориши расмӣ, беш аз як миллион нафар коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия ду сеюми онон дар бахши сохтмонсозӣ фаъолият мекунанд, ки ба далели густариши Ковид -19 аксари онон ба кишвари хеш бозгашт кардаву бо баста шудани марзҳо наметавонанд дубора вориди Русия шаванд.

Ҳукумати Русия эълом кардааст, ки ба далели густариши вируси корона ва хуруҷи коргарони муҳоҷир бахши сохтусоз дар ин кишвар бо мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда ва акнун барномаи боз кардани марзҳо барои вуруди дубораи ин афрод дар дасти баррасӣ мебошад.

Барчаспҳо:
хориҷӣ, кор, беҳтарин дорухона, муҳоҷират, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ