23:16 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
201320

Ширин Амонзода вазири тозатаъйини меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар бо сафири Русия масъалаҳои марбут ба муҳоҷиронb меҳнатӣ ва мушкили онҳоро баррасӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширин Амонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Игор Семёнович Лякин – Фролов мулоқот намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, зимни мулоқот ҷонибҳо аз тақвияти ҳамкориҳои муштарак ва стратегии Тоҷикистону Федератсияи Русия зикр намуда, иброз намуданд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар самтҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ ва маданию фарҳангӣ густариш ёфта, кишварҳо шарикони стратегӣ ва боэътимоди ҳамдигар ба ҳисоб мераванд.

Муҳоҷиру пулу гӯшаи тоҷикон: натиҷаҳои нахустсафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Маскав

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, ба расмиятдарории буду бош ва иҷозати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вуруд ва фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Русия, бақайдгирии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва фарзандони онҳо, коркарди низоми ягонаи маълумоти оморӣ оид ба фаъолият ва зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россияро баррасӣ кардаанд.

Ҳамзамон омода ва сафарбарии муташакилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар давраи пандемия тавассути рейсҳои чартерӣ ба Федератсияи Русия, таъсиси маркази муштараки омоданамоии  мутахассисони соҳаҳои мухталифи бозори меҳнат дар Тоҷикистон, таҳияи барномаи муштарак оид ба фаъолият ва буду боши муҳоҷирати меҳнатӣ, табодули таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳои пайвастаи мақомоти Федератсияи Русия бо намояндагии Вазорат дар Федератсияи Русия аз мавзӯъҳои дигари ин мулоқот будааст.

Аз муҳоҷирати корӣ то тиҷорат: сарвазири Корея ба вазири тоҷик чӣ ваъда дод?

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот инчунин вобаста ба таъсиси маркази омоданамоии мутахассисони соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар бозори меҳнат ва сафарбарнамоии шаҳрвандон барои таъмини  ҷойи кори доимӣ ба Федератсияи Русия ба тавофуқ расида, иброз намуданд, ки масъалаи мазкур барои беҳтар гардидани шароити корӣ ва  таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо ҷойи кори доимӣ василаи муҳим мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ