19:43 21 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
52410

Намояндагони Тоҷикистон ва Русия оид ба вазъ дар соҳаи сохтмон ва муҳоҷират зимни як нишаст дидору мулоқот карданд

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Русия, Имомуддин Сатторов рӯзи гузашта бо Вазири сохтмон, манзил ва коммуналии Русия, Ирек Файзуллин мулоқот кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳоди Русия.

Ҷонибҳо, аз ҷумла сафари гузаштаи раҳбари парлумони Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ ба Маскав ва натиҷаҳои гуфтушунидҳои ӯро бо намояндагони мақомоти Русия муҳокима кардаанд.

Дар муколама бо вазири Русия, Сатторов имкониятҳои сармоягузории нави тиҷорати Русияро дар бахши сохтмон, саноат ва дигар лоиҳаҳои зерсохтӣ дар Тоҷикистон баррасӣ кард.

Мавзӯи асосии музокирот, муҳоҷирон ва таъсири онҳо ба соҳаи сохтмон буд. Тарафҳо вазъи кунунии бозорро бо сабаби пандемияи коронавирус, инчунин роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҷамъшударо баррасӣ карданд.

Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд

Ҳамзамон мушкилоти марбут ба муҳоҷиронро, ки бо сохтмон, нигоҳдорӣ ва хизматрасонӣ алоқаманданд, баррасӣ шудаанд.

Крупнов: низоми супоридани имтиҳонҳо барои муҳоҷирон дар Русия шаффофтар мешавад

Сатторов ва Файзуллин ба механизмҳои ҳамкориҳои минбаъда дар масъалаи ҷалби муташаккилонаи мутахассисон аз Тоҷикистон барои кор дар сохтмонҳои Русия диққати махсус доданд, мегӯяд дафтари матбуотии Вазорати сохтмони Русия.

 

Барчаспҳо:
муҳоҷират, Имомуддин Сатторов, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ