07:28 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
624 0 0

Бо шарофати зудамалии ду зодаи Тоҷикистон Зариф ва Фарух, касе дар сӯхтори бинои бисёрқабата дар Санкт-Петербург осеб надид

ДУШАНБЕ, 9 дек – Sputnik. Ду тоҷикистонӣ дар сӯхторе дар шаҳри Петербург мардумро аз коми оташ наҷот дода, барои хомӯш кардани аланга ба наҷотбахшон кумак карданд, хабар медиҳад шабакаи "Мир 24".

Бино ба иттилои манбаъ, сӯхтор дар бинои 12-ошёна шоми бевақт сар задааст. Тибқи иттилои пешакӣ ин сӯхтор дар паи таркиши балони газ рух додааст ва дарҳол аз тирезаи манзилҳо дуд баромадааст.

Фарух ва Зариф дар он сӯи роҳ зиндагӣ мекунанд, аз ин рӯ даррав ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд. 

"Мо дохили бино шудем, лифт кор намекард ва мо ба воситаи зинапоя боло баромадем. Мо фикр кардем, ки миёни осебдидаҳо кӯдакон ҳам ҳастанд", - нақл кард муҳоҷир.

Дар ҳамин ҳол ҷавонон ҳамроҳи ҳамсояҳо барои аз таги девораҳо баровардани сокинон кумак карданд.

Бо шарофати зудамалии ҷавонони тоҷик, касе дар ин сӯхтор осеб надид.

Фарух Умаров ва Зариф Ниёзов зодаи Тоҷикистон ҳастанду дар ҳамсоягӣ бузург шудааст.

Дурахшон ва зебо: сӯхтор дар дукони пиротехникӣ дар Ростови лаби Дон - наворҳо

Зариф дар хурдӣ аз падару модараш маҳрум мондааст ва ӯро бобояш ба парастории худ гирифтааст. Аллакай дар 11-солагӣ писарча барои дарёфти қути лоямут аз таҳсил мемонаду ба кор оғоз мекунад.

"Ман мехоҳам, ки фарзандонам соҳиби маълумот бошанд", - мегӯяд ӯ.

Зариф 14 - сол боз дар Русия ба сар мебарад, ӯ шаҳрвандии ин кишварро гирифтааст ва дар завод кор мекунад.

Даҳшат: сӯхтор дар Смоленкс ҷони 5 кӯдак ва 2 калонсолро гирифт

Фарух ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекунад. Ӯ чор сол боз ба Тоҷикистон сафар накардааст ва бисёр пазмон шудааст.

Барчаспҳо:
тоҷик, наҷоти Арал, сӯхтор, Санкт-Петербург, муҳоҷират

Мавзӯъҳои асосӣ