15:11 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
169 0 0

Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо директори Бюрои Оҷонсии СММ оид ба муҳоҷират масоили ҳаллу фасли мушкилиҳои соҳаи идораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити пандемияи коронавирус ва давраи баъди анҷоми ин беморӣ баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 11 дек – Sputnik. Зафар Сайидзода, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ахиран бо директори Бюрои Оҷонсии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба муҳоҷират — Созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Москва Абдусаттор Эсоев мулоқоти расмӣ намуд, хабар медиҳад агентии Ховар.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот намояндаи Оҷонсии Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи лоиҳаҳои он марбут ба расонидани кумаки иҷтимоӣ ба иттиҳодияҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва  кумак ба мақомоти давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар ҳаллу фасли масъалаҳои соҳаи идораи раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити пандемияи коронавирус ва давраи баъди анҷоми ин бемории ҳамагир гуфтугӯ кард.

 Гуфта шудааст, ки дар атрофи ин мавзӯъ миёни ҷонибҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Инчунин қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо ба мавзӯи мушкилоту тазодҳои муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Русия, аз ҷумла ба вилояти Свердловск ва умуман ба  минтақаи Урал, ва роҳу василаҳои бартараф кардани онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

"Дар пасманзари раванди муҳоҷирати меҳнатии муташаккилонаи тоҷикистониён ба минтақаи Урал аҳамияти  амалии ба кор гирифтани чунин имконот, ба мисли таҳсили қаблӣ дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии русиягӣ ва иқомат дар хобгоҳҳои модулӣ, махсус таъкид гардид", - таъкид мешавад дар хабар.

Ҷонибҳо ҷиҳати идомаи муколамаи созанда ва ҳамкории мунтазами судманд изҳори омодагӣ намуданд.

Барчаспҳо:
вирус, Екатеринбург, муҳоҷират, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ