22:07 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
216 0 0

Раҳмон Улмасов, муҳаққиқи тоҷики умури муҳоҷират мегӯяд, муҳоҷирони меҳнатӣ барои рушди иқтисодиёти Русия муфид мебошанд

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ба гуфтаи Улмасов, муҳоҷирони меҳнатӣ то 10 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Русияро таъмин мекунанд.

Ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, феълан дар сохтмонҳои Русия беш аз 190 ҳазор коргар намерасад.

"Дар ҳудуди 90-95%-и минтақаҳои Русия камбуди коргарон ҷой дорад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бояд ҳама кор анҷом дода шавад, то муҳоҷирон тавонанд корро дар кишвар идома диҳанд",-  гуфт Улмасов.

Ӯ аз шаҳрдори Маскав Сергей Собянин, иқтибос овард, ки дар 40%-и ширкатҳои шаҳрӣ коргар намерасад.

"Ҳоло роҳҳои гуногуни ҷалби муҳоҷирон, аз қабили қабул дар нуктаҳои дақиқ то парвозҳои махсус барои овардани шаҳрвандони хориҷӣ пешниҳод мешаванд", - гуфт коршинос.

Ӯ афзуд, кор ба ҳадде расидааст, ки худи ширкатҳо ҳавопаймоҳоро мефиристанд, то шаҳрвандони хориҷиро барои кор ҷалб кунанд.

“Яке аз ширкатҳои манзилию коммуналии Маскав парвози ҳавопаймо ба Бишкекро фармоиш додааст. Онҳо мехоҳанд 500 шаҳрванди хориҷиро барои кор дар бахши манзилию коммуналии шаҳр дар фасли зимистон оранд", - гуфт Улмасов.

Ӯ таъкид намуд, ки тибқи таҳқиқи пажуҳишгоҳҳои иқтисодии Русия, муҳоҷирони меҳнатӣ ҷои русиягиҳоро дар бозори меҳнат танг намекунанд, балки баръакс, ҷойҳои навро фароҳам месозанд, ки ин тамоюли нав мебошад.

Барчаспҳо:
рушд, иқтисод, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ