22:03 23 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
67910

Тоҷикистон пешниҳоди Вазорати сохтмони Русия дар бораи ташкили вуруди соддаи муҳоҷирони меҳнатӣ бо ихтисосҳои сохтмониро дастгирӣ кард

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав бо изҳори ҷонибдорӣ аз вуруди соддаи муҳоҷирони меҳнатӣ таъкид кард, ки ҳама аз бастани марзҳо азият мекашанд.

“Дар замони пандемия бояд роҳҳои ҳалли ғайриодию нодир пайдо кард, чун ин раванд метавонад тӯл кашад. Пешниҳоди Вазорати сохтмони Русия, ки ширкатҳои ниёзманд ба муҳоҷирони меҳнатӣ, метавонанд масъулияти таъмини кор, манзил ва интиқоли муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои моро ба дӯш гиранд, яке аз чунин роҳҳои ҳал мебошад", - гуфтаст Сатторов дар суҳбат бо РИА Новости.

Ҳамин тариқ, имкон дорад, ки ин масъалаҳо ҳадафмандонаю суроғавӣ ҳал карда шаванд.

Сафири Тоҷикистон хотиррасон кард, ки дар 20-30 соли охир иқтисоди Русия бо ҷалби шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ пеш мерафт ва ҳеҷ гоҳ чунин вазъ набуд, ки марзҳо баста шуда, мардум ба он дохил шуда наметавонистанд.  

"Ҳоло ин пандемия нишон дод, ки новобаста аз он ки кӣ чӣ мегӯяд, иқтисоди Русия бе ҷалби муҳоҷирони корӣ аз дигар кишварҳо наметавонад. Солҳои охир иқтисоди Русия дар ҳоли рушд буд ва ин кор бидуни захираҳои меҳнатӣ имконнопазир аст", - афзуд Сатторов.

Пештар, Вазорати сохтмон пешниҳод кард, ки шароити вуруд ба муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия содда карда шавад; яке аз шартҳои қабули нерӯи кории хориҷӣ ба кишвар бояд ташхиси манфии COVID-19 бошад, ки на беш аз се рӯз пеш аз санаи воридшавӣ гузаронида шуда бошад. Ташкилотҳое, ки коргарони хориҷиро ҷалб мекунанд, инчунин вазифадоранд, ки манзили зисташонро таъмин кунанд.

Вазорати сохтмон ёдовар шуд, ки маҳдудиятҳо барои вуруди хориҷиён ба Русия баҳори соли равон дар робита бо пандемияи COVID-19 роҳандозӣ шуд. Дар саноати сохтмон дар 50 минтақаи Русия норасоии қувваи корӣ ҷой дорад, ки маҷмӯан ҳудуди 190 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.

Барчаспҳо:
сохтмонӣ, муҳоҷирон, Русия-Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ