Хадамоти муҳоҷират замимаи мобилӣ ва сомонаи нав омода кардааст

© PixabayЧеловек держит мобильный телефон в руках, архивное фото
Человек держит мобильный телефон в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз таҳияи замимаи нав зери унвони “Роҳнамои муҳоҷир” ва сомонаи нави ин ниҳод хабар додааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷират, замима дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Ҳайати Шафқат” таҳия шудааст.

Вокзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Омори муҳоҷират дар Тоҷикистон: чанд нафар омаду чӣ қадар кишварро тарк кард

Манбаъ таъкид кардааст, ки замимаи мобилӣ фарогири муҳимтарин маълумот ва ахбор барои муҳоҷирон буда, аз се қисми таркибӣ иборат аст.

Маълумот дар гуруҳбандии “Қабл аз муҳоҷират”, “Дар давраи муҳоҷират” ва “Баъд аз муҳоҷират” ироа шудааст.

“Ҳамагӣ бо як бор ройгон боргирӣ намудани замимаи мобилӣ  муҳоҷир метавонад онро дар тамоми раванди муҳоҷират истифода барад, зеро он ивазкунандаи буклету варақаҳои таблиғотӣ, китобчаҳову шарҳи қонунҳои ба ин самт тааллуқдошта мебошад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ инчунин хабар додааст, ки сомонаи нави Хадамоти муҳоҷират дар суроғаи “infomuhojir.tj” фаъол аст ва он нисбат ба замимаи мобилӣ маводи бештарро дар бар мегирад.

Лентаи хабарҳо
0