12:58 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
12022 0 0

Вазорати сохтмони Русия хабар дод, ки ҳукумат низоми вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия барои кор дар сохтмонҳоро тасвиб кард

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Ирек Файзуллин, вазири сохтмон ва хоҷагии манзили Русия иттилоъ дод, ки Ҳукумат ба ҷалби муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия дар сохтмонҳо иҷозат дода, низоми вурудро тасвиб кард.

Вазир дар мулоқот бо бахши соҳибкорӣ дар Палатаи савдо ва саноат тавзеҳ дод, ки тасмими вуруди муҳоҷирон барои кор дар сохтмонҳои Русия бо усули “идораи дастӣ” сурат хоҳад гирифт.

“Комиссия бо Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия аллакай ташкил карда шуд. Мо ин равандро бо идораи дастӣ роҳандозӣ кардем”, - гуфт Файзуллин.

Ӯ таъкид кард, ки ширкатҳои бузурги сохтмонӣ ва мақомоти маҳаллӣ бояд дархост барои вуруди теъдоди муайяни муҳоҷиронро таҳия кунанд. Феълан раванди мувофиқакунӣ ҳудуди се ҳафтаро дар бар мегирад.  

Файзуллин инчунин илова намуд, ки баъди кушода шудани марзҳо низоми вуруди муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ бозбинӣ хоҳад шуд.

Ин тасмим дар ҳолест, ки қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба кабинаи вазирон дастур дод, ки ба масъалаи сода кардани ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба сохтмонҳо расидагӣ кунад.

Барчаспҳо:
муҳоҷирон, иҷозат, Русия, сохтмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ