Улмасов: муҳоҷирати меҳнатӣ аз истифодаи технологияҳои нав бояд бархурдор бошанд

© из личного архива Рахмона УльмасоваРахмон Ульмасов, архивное фото
Рахмон Ульмасов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳмон Улмасов, мутахассиси тоҷик дар соҳаи муҳоҷират, профессори Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон гуфт, ки замима барои муҳоҷирон дар телефони ҳамроҳ танҳо қадами аввал аст

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолииТоҷикистон сомонаи infomuhojir.tj ва замимаи мобилӣ барои дастгирии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия роҳандозӣ кард.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон во Дворце культуры  - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муҳоҷират: мо имкон дорем, ки мардумро пурра бо кор таъмин намоем

Бартарии ин замима дар он аст, ки барои пайдо кардани кор бо шароити хуб кӯмак мекунад, таъкид дошт мутахассиси соҳаи муҳоҷират, профессори Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон Раҳмон Улмасов дар гуфтугӯ бо Sputnik Тоҷикистон.

"Муҳим он аст, ки муҳоҷири меҳнатӣ дар ин раванд худаш иштирок мекунад ва бидуни миёнаравҳо барои худ ҷои кори муносиб пайдо мекунад. Мақсади асосӣ ин баланд бардоштани сатҳи дониши муҳоҷирон аст. Бояд муҳоҷир аз истифодаи технологияи нав бархурдор бошад ", - қайд кард коршинос.

Улмасов илова кард, ки дар оянда замима бояд мураккабтар шаваду, фаъолияти он васеъ гардад. Инчунин, ба ин замима бояд имкони алоқа бо намояндаи Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ барои кумаки амалӣ, ҳуқуқӣ ва ғайра лозим аст.

Инчунин, профессори Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон қайд кард, ки чунин ташаббусҳо бояд дастгирии иттилоотӣ дошта бошанд: дар ин бора бояд гуфт ва онро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд намоиш дод.

"Мо бояд боз ҳам пешравӣ кунем, то ширкатҳои мобилӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ шароит фароҳам кунанд. Аз ҳамаи технологияҳои нав бояд истифода кард", - гуфт Улмасов.

Лентаи хабарҳо
0