Интиқоли пулии муҳоҷирон якбора зиёд шуд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкНовые купюры номиналом 200 и 2000 рублей
Новые купюры номиналом 200 и 2000 рублей - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳошияи бекор шудани бархе маҳдудиятҳои пандемия дар Русия даромади мeҳоҷирон низ хуб шудаву интиқоли маблағҳо ба Тоҷикистон якбора зиёд шудааст

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Интиқоли пулии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба ватан дар моҳҳои июл-сентябр дар пайи бекор шудани бархе маҳудиятҳои пандемия якбора афзоиш ёфт, гузориш додааст РИА Новости дар истинод ба Бонки миллии Русия.

Нахустин гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия расиданд - Sputnik Тоҷикистон
Хандону шодон: нахустин гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия расиданд - гузориши аксӣ

Ҳамин тавр, дар ҳошияи пандемияи коронавирус, интиқоли маблағҳо ба кишварҳои ИДМ, ба ғайр аз Арманистон ва Ӯзбекситон кам шуда буд.

Интиқоли пул ба дигар кишварҳо коҳиш ёфт, аз ҷумла интиқоли маблағ ба Белорус, Молдова, Украина, Туркманистон ва Қазоқистон ба таври назаррас кам гардид.

Дигар кишварҳои Осиёи Макразӣ камтар зарар диданд. Интиқол ба Тоҷикистон 4,7 дар ва Қирғизистон 1 дар сад кам шудааст.

Аммо, бино бар ҳисоби коршиносон, дар ҳошияи бардошта шудани маҳудудиятҳо вазъият беҳтар шуд.

Ҳамин тавр, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ватан дар семоҳаи дувум 425,5 миллион доллар ирсол карданд, ки афзоиш 25 дар садро ташкил дод.

Дар ҳамин давра, интиқолҳо ба Ӯзбекистон 28,7 дар сад бештар шуда, 927,7 миллион долларро ташкил дод.

Манъи вуруди муҳоҷирон бекор шавад: Сатторов бо Казакова мулоқот кард

Ба Қирғизистон ин нишондод 21 дар сад (500,3 миллион доллар) ва ба Қазоқистон 20 дар сад (25,7 миллион доллар)-ро ташкил додааст.

Пештар як коршиноси рус Алексей Маслов гуфта буд, ки Русия - сармоягузори асосии сокинони Тоҷикистон аст. 

Русия, ба бозори ягонаи бузурги меҳанат барои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон табдил меёбад. Биноба пешгӯиҳои вай, интиқоли маблағҳо ба кишварҳо боз афзоиш хоҳанд ёфт.

Лентаи хабарҳо
0