20:00 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
391 0 0

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ - Хадамоти муҳоҷират дар сатҳи панҷ ноҳияи вилояти Хатлон омӯзиш оид ба реинтегратсияи муҳоҷирони бозгаштаро оғоз намуд

ДУШАНБЕ, 31 янв— Sputnik. Намояндаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон зимни оғози давраи омӯзиш таъкид доштааст, бо сабаби аз даст додани ҷои кор ва даромад бинобар хуруҷи бемории КОВИД-19, баъзе муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро маҷбур сохт аз Русия ба Тоҷикистон баргарданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Созмони Байналмилалии Муҳоҷират

Хусусан, ӯ чунин қайд намуд, ки муҳоҷирони бозгашта ва онҳое, ки вурудашон дубора ба Русия манъ аст, аз сабаби маҳдуд будани имконияти ҷои кор ва надоштани маълумоти кофӣ аз хидматрасониҳое, ки дар ҷомеаи онҳо мавҷуданд, дар ҳолати стресс қарор доранд.

“Бинобар ин, омӯзиши мазкур ба баланд бардоштани иқтидори шарикони давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сатҳи маҳал оид ба гузаронидани вохӯриҳои реинтегратсионии гурӯҳӣ барои муҳоҷирон мусоидат мекунад. Хусусан онҳо дар ин омӯзиш малакаҳои худро оид ба мусоидат ва муоширати самаранок бо муҳоҷирони осебпазир сайқал хоҳанд дод”, - гуфт намояндаи СБМ.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари Хадамоти муҳоҷират дар сатҳи вилоят дар бораи таъмин намудани муҳоҷирони бозгашта бо малакаҳои зарурии корӣ, ки барои онҳо дар пайдо кардани  ҷойҳои корӣ дар дохили Тоҷикистон ва берун аз он кумак карда метавонад, таъкид кард.

“Вохӯриҳои реинтегратсионии гурӯҳӣ як платформаи хубе мебошад, ки барои баланд бардоштани огоҳии муҳоҷирони баргашта оид ба хизматрасониҳои мавҷуда дар робита бо таълими касбӣ, шаҳодатномакунонии касбу ҳунар ва дигар кумакҳо, ки имкониятҳои онҳоро барои реинтегратсияи муваффақ зиёд мекунанд, мусоидат хоҳад намуд”, - зикр кард номбурда.

Гуфта шудааст, ки дар назар аст, ки пас аз омӯзиши реинтегратсионӣ, иштирокчиён вохӯриҳои гуруҳии реинтегратсиониро барои 2500 муҳоҷири бозгашта то охири моҳи апрели соли 2021 дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон баргузор хоҳанд намуд.

Омӯзиш тавассути маблағгузории Ҳукумати Британия дар доираи лоиҳаи "Устуворсозии ҷомеа тавассути реинтегратсияи муҳоҷирони бозгашташуда дар Қирғизистон ва Тоҷикистон дар давраи КОВИД-19 ва баъд аз он" сурат мегирад.

Барчаспҳо:
СБМ, Русия, бозгашт, муҳоҷир, муҳоҷират, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ