05:49 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
995 0 0

Ҳамакнун омодагии мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҷамъияти тоҷикони Иркутск дар ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон шурӯъ шудааст

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Губернатори Иркутск Игор Кобзев ба вуруди гурӯҳи дувуми муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон ба вилоят иҷозат дода, ҳуҷати вижаро пешниҳоди Ҳукумати Русия кардааст.

Дар ин бора раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск Муриват Маликшоев хабар медиҳад.

"2-3 руз пеш бошад, губернатор қисми дуюм, этапи дуюми ҳуҷҷатҳоро барои иҷозати ворид намудани муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони ҷумхуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро низ имзо намуда, ба Хукумати Русия ирсол намуданд", - хабар медиҳад Маликшоев дар саҳифаи фейсбукиаш.

Ба қавли вай, ҳоло тараддудҳо ба овардани гурӯҳи дувуми муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Иркутск сар шудаанд: ҳуҷҷатҳо омода мешаванд.

"Омодагиамон дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тандурустии ҶТ ва дигар ташкилоту муассисахои Тоҷикистон барои сарҷамъ ва ҳуҷҷату ҳуҷҷатгузориҳои қисми дуюми муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад", - таъкид кардааст вай.

Дар ҳамин ҳол, Маликшоев таъкид мекунад, ки нақши губернатори Иркутск дар омадани гурӯҳи аввали муҳоҷирон низ бориз аст.

"Аз фурсати муносиб истифода намуда, ман мехостам, ки миннатдории кулли ҳамватанонро ба Губернатори вилояти Иркутски ФР муҳтарам Игорь Иванович Кобзев самимона бирасонам. Ягона шахсе, ки дар ин кори хайру эҳсон барои ҳамватанони мо каҳрамонӣ кардааст ва карда истодааст, маҳз Кобзев мебошад", - таъйид кардааст вай.

Ёдрас мешавем, нахустин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик пас аз баста шудани марзи байни Тоҷикистону Русия 30 январ вориди Русия шуданд.

Ин гурӯҳ 170 муҳоҷирро дар бар мегирифт, ки барои кор ба вилояти Иркутск сафарбар мешуданд.

Марзи миёни Тоҷикистону Русия 18 марти соли 2020 барои ҳаракати шаҳрвандони ду кишвар баста шуда буд. Аз Тоҷикистон фақат шаҳрвандони Русия ва аз Русия вақат шаҳрвандони Тоҷикистон метавонистанд парвоз кунанд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ ба сохтмонҳои Петербург бармегарданд

Тибқи иттилои сардори Раёсати равобити байнулмилалии Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, онҳо ба ширкатҳои "ДомостройПрофи" (28 нафар) – и шаҳри Иркутск, "ПромСтройМонтаж" (68) – и шаҳри Тулун, "СибСталСтрой" (24) – и деҳаи Грановшина, "СПМК-7" (50) – и шаҳри Иркутск эъзом шуданд.

Заминаи эъзоми онҳо дар пайи кори муштараки мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва вилояти Иркутск, ҳамзамон намояндагиҳои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, консулгарии Тоҷикистон ва диаспораи тоҷикон дар Иркутск фароҳам шуд.

Интиқоли пулии муҳоҷирон якбора зиёд шуд

Аз сӯи Русия тибқи супориши муовини губернатори Иркутск, намояндагиҳои вазоратҳои меҳнат, тандурустӣ, авиатсия ва ниҳодҳои калидии Иркутск барои қабул ва ҷобаҷокунии ҷавонон вобаста шудаанд. Дар ҳамин лаҳзаҳое, ки мо суҳбат мекунам, онҳо бо иттифоқи ҳамкорони тоҷикашон мунтазири тайёра ҳастанд.

Мавзӯъҳои асосӣ