20:34 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.61
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
1359 0 0

Ин корхона имкон медиҳад, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозима барои вуруд ва кори муҳоҷирон дар Русия дар Тоҷикистон омода карда шавад

ДУШАНБЕ, 6 феврал - Sputnik. Дар Тоҷикистон намояндагии Корхонаи федеролии воҳиди давлатии ВКД Русия "Хизматрасонии шиносномавӣ-раводидӣ" ифтитоҳ мешавад.

Дар ин бора, Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия Зоҳир Мирзозода бо директори кулли Корхонаи федеролии воҳиди давлатии "Хизматрасонии шиносномавӣ-раводидӣ" —  ВКД Русия  (ФГУП "Паспортно-визовый сервис") Сергей Машин мулоқот кард. 

Тибқи иттилои АМИТ "Ховар", дар ҷараёни мулоқот роҳбари корхона иброз дошт, ки механизми воридшавии шаҳрвандони ИДМ тариқи КФВД "Хизматрасонии шиносномавӣ-раводидӣ" ба роҳ андохта шудааст ва маҳз бо ин мақсад ҳафтаи гузашта барои ифтитоҳи намояндагии КФВД ВКД ФР онҳо бо сафари корӣ дар Ӯзбекистон қарор доштанд.

Машин афзуд, ки феълан Корхонаи воҳиди федералии давлатии ВКД Русия ифтитоҳи намояндагиашро дар Тоҷикистон мувофиқи мақсад мешуморад.  

Ба гуфти ӯ, баимзорасонии созишномаи ҳамкорӣ дар ин робита бо Тоҷикистон дар оянда раванди муҳоҷиратиро сода гардонида, муҳлат ва тартиби ҳуҷҷатгузориро барои фаъолияти меҳнатӣ, аз ҷумла гирифтани патент ба таври назаррас кам ва осон  мегардонад.

"Дар ин ҳолат тамоми ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишвари иқомат омода шуда, ҳангоми ворид шудан ба қаламрави Русия онҳо танҳо патенти тайёрро давоми 5-7 рӯзи  ба даст меоранд ва ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ менамоянд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамзамон дар намояндагии болозикр, санҷиши пеш аз сафари шаҳрвандон ҷиҳати муайян намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии онҳо дар ФР (доштани манъи вуруд ва ҳалномаҳои судӣ оид ба ихроҷ) ба роҳ монда мешавад.

Ин тадбир имкон медиҳад, ки сафари шаҳрвандоне, ки вурудашон ба Русия манъ аст, пешгирӣ шавад ва онҳоро аз хароҷоти беҳудаи харидории чиптаи ҳавопаймо ва баргардонида шудан аз ҷониби сарҳадбонони Россия нигоҳ дорад.

Зоҳир Мирзозода иттилоъ ба ҳамсуҳбати худ иттилоъ додааст, ки ҳоло дар Тоҷикистон шумораи беморони COVID – 19 ба сифр расида, ангезандаи ин беморӣ комилан нобуд шудааст.

Русия замимаи ягона барои муҳоҷиронро фаъол мекунад

Чораҳои зиддиэпидемикӣ роҳандозӣ гардида, муоина ва сертификати тиббӣ дар ин ҷода ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд, ки ин омилҳо ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар вазъияти имрӯзаи фарогирии бемории сироятӣ бартарӣ медиҳанд.

Дар баробари ин Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад барӯйхатгирии муҳоҷирони меҳнатиро тибқи ихтисосу малакаи зарурии талаботи бозори меҳнатии Русия роҳандозӣ ва онҳоро муташаккилона  равон намояд.

Барчаспҳо:
Русия, муҳоҷир, патент, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ