03:35 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
253 0 0

Муҳоҷири тоҷкро дар вилояти назди Маскав барои пешниҳоди ришва ба корманди БДА равонаи зиндон карданд

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Расонаҳои Русия хабар медиҳанд, ки як шаҳрванди Тоҷикистон дар кишвар барои пешниҳоди ришва ҳукми зиндон гирифтааст.

Гуфта мешавад, марди 55-соларо барои ин ҷурм ба як сол равонаи зиндони низомаш умумӣ кардаанд.

Бино бар иттилои прокуратура, муҳоҷир моҳи октябри соли гузашта кӯшиши зархариди полиси роҳ кардааст, то нисбаташ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб надиҳанд.

Гуфта мешавад, ришва маблағи калонро ташкил медод.

Аммо, ба ҷои он ки муҷримро бар ивази маблағ озод кунанд, кормандони мақомоти ҳиифзи ҳуқуқ ӯро барои пешниҳоди ришва дар ҳаҷми калон боздошт кардаанд.

Теъдоди муҳоҷирони депортшуда дар давраи пандемия аз вилояти Маскав маълум гардид

Муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки исмаш ифшо намешавад, дар додгоҳ аз кардааш изҳори пушаймонӣ кардааст, лекин, ба ҳар ҳол ба як соли зиндон маҳкум шудааст.

Барчаспҳо:
зиндон, ришва, муҳоҷири тоҷик, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ