06:31 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
51611

Ахиран дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷикони муқими вилояти Ленинград баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон, зимни мулоқот Консули генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург Ҳомидҷон Назарӣ таъкид доштааст, ки ҳамаи кормандони консулгарӣ дар ҳар лаҳза омодаанд, ки ба ҳамватанон дар ҳама масъалаҳои ба миён омада кумак расонанд.

"Риояи қонунҳои Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ мекунанд, аҳамияти калон дорад. Мо, бояд ҳамеша барои дигарон намунаи ибрат бошем ва фарҳанги баланд дошта бошем", - қайд каардааст Ҳомидҷон Назарӣ.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Бахтовар Сафарзода дар суҳбат бо диаспораи тоҷикони Санкт-Петербург қайд намудааст, ки пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии кишварамон таъсир расондааст. 

Бахтовар Сафарзода ҳамчунин иброз намудааст, ки имрӯз бо ҷавонон бояд кор бурд, то онҳо ба созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил нашаванд.

Зикр шудааст, ки дар ҷаласа нақшаи кори Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷикон дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград барои соли 2021 тасдиқ карда шуд.

Барчаспҳо:
ҷаласа, Ленинград, диаспораи тоҷикон, Санкт-Петербург, тоҷикон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ