11:22 08 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
39701

Дар шаҳри Маскав мақомоти Тоҷикистону Русия чандин масоили муҳим доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҷумла масъалаи муташакилона сафарбарнамоии муҳоҷирон ва ба расмиятдарории фаъолияти онҳоро баррасӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ахиран дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Маскави Русия вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Амонзода Ширин бо сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия оид ба муҳоҷират Валенттина Казакова мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.  

Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот масъалаҳои муштараки ҳамкорӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба қоидаҳои давлати иқомат, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, муташакилона сафарбарнамоии муҳоҷирон, ба расмиятдарории фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба он мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Гуфта шудааст, ки мулоқот дар доираи ҳусни тафоҳум ба анҷом расид.

Ҳамзамон шоми дирӯз дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Маскав вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Амонзода Ширин бо директори Бюрои Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Маскав мулоқот намуд.

Қайд шудааст, ки дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони муҳоҷирони меҳантӣ, тақвияти ҳамкориҳои муштарак бо Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия дар доираи барномаҳои Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Барчаспҳо:
баррасӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, муҳоҷират, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ