21:13 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.61
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
2613 0 0

Сухангӯи кишвардори Русия Дмитрий Песков пешниҳоди Вазорати кишоварзӣ бобати кушодани марз ба рӯи муҳоҷиронро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Масъалаи соддагардонии вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия ҳоло дар ҳукумат мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, изҳор дошт Дмитрий Песков сухангӯи президенти ин кишвар.

"Ин масъала роҷеъ ба ҳукумат аст", - изҳор дошт Песков дар шарҳи пешниҳоди вазорат барои вуруди муҳоҷирон.

Зимнан, Песков илова намуд, ки ҳоло Владимир Путин роҷеъ ба ин масъала ягон қарор қабул накардааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Вазорати кишоварзии Русия пешниҳод намуд, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ имкони вуруд шудан ба Русия дода шавад, то тавонанд дар заминҳои кишти минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия фаъолият кунанд.

Пешниҳоди мазкур дар ҳоле садо дод, ки вазорат аз норасоии қувваи корӣ дар минтақаҳои Русия барои ҷамъоварии ҳосилот дар соли ҷорӣ нигаронӣ карда буд.

Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, ки як қатор равандҳо дар соҳаи кишоварзӣ ҷалби коргарони иловагии хориҷаро, ки таҷриба ва дониши зарурӣ доранд, тақозо мекунад.

Маликшоев роҳи русияравиро гуфт: аз пешвозу фатирхӯрии ноиби губернатор то маошу роҳпулӣ

Русия мобайнҳои моҳи март бинобар авҷи маризии коронавирус марзҳояшро баст. Дар ин росто вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ низ ба қаламрави ин кишвар мушкилзо шуд.

Қаблан дар сохтмонҳои Русия низ аз камбуди бунёдкорон гузориш мешуд. Зимнан, бо пешниҳоди иморатсозон, Ҳукумати Русия ба теъдоди муайяни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қазоқистону Туркия имкони вуруд шуданро, муҳайё намуд.

Барчаспҳо:
муҳоҷирон, марз, Кремл

Мавзӯъҳои асосӣ