Вуруди тоҷикистониён 4 баробар кам шуд: "ФСБ" гуфт, чанд хориҷӣ ба Русия омадаанд

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкРейд Федеральной миграционной службы на рынках Челябинска
Рейд Федеральной миграционной службы на рынках Челябинска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Обуна шудан
Кишварҳои Осиёи Марказӣ, сарфи назар аз пандемия, аз рӯи шумораи шаҳрвандоне, ки ба Русия омадаанд, ба панҷгонаи аввал шомил мебошанд
ДУШАНБЕ, 16 фев - Sputnik. Дар маҷмӯъ соли 2020 ба Русия 9,6 миллион шаҳрванди хориҷӣ ташриф овардаанд, навиштааст "Интерфакс" аз қавли хадамоти сарҳадии Хадамоти федералии амният - "ФСБ".
Возобновление очного обучения в вузах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Русия шарти вуруди донишҷӯёнро эълон кард
Бахши хоҷагии қишлоқи Русия ба таҷрибаи муҳоҷирони меҳнатӣ ниёз дорад. Тибқи омор, шумораи ками хориҷиён бо ҳадафи сайёҳӣ ба Русия омадаанд - ҳамагӣ 336 ҳазор нафарро ташкил додаанд. Ташрифи сайёҳон 93% кам шудааст.
Дар маҷмуъ шумораи хориҷиёни воридшуда 67,5% коҳиш ёфт. Шаҳрвандони Украина аз рӯи шумораи вуруд ба қаламрави Федератсияи Русия пешсаф шуданд. Аз ин кишвар дар маҷмӯъ 3,65 миллион нафар аз ин кишвар ба Русия омадаанд.
Ҳамчунин ба панҷгонаи аввал, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ шомил шудаанд. Ҳамин тавр, аз Тоҷикистон ба Русия дар соли 2020 ҳудуди 401,8 ҳазор нафар омадаанд. Тибқи маълумоти Вазорати меҳнати Тоҷикистон, аз инҳо тақрибан 130 ҳазор нафар ба ҷустуҷӯи кор рафтаанд.
Вуруди асосии хориҷиён, тибқи омори "ФСБ", ба семоҳаи аввали соли 2020 рост омад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти хадамоти сарҳадии ФСБ, дар соли 2019 ба Русия 1,57 миллион нафар омадаанд. Бармеояд бинобар пандемияи коронавирус, шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Федератсияи Русия омадаанд, қариб 4 маротиба кам шудааст.
Лентаи хабарҳо
0