00:44 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
52010

Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар пайи як санҷиш мавориди зиёди эъзоми ғайриқонунии коргарони хориҷӣ ба кор дар ширкатҳоро ошкор кардааст. Аксари ин ширкатҳо чиниянд

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Сулаймон Талбакзода, сардори Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентӣ, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, дар пайи як санҷише, ки дар Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон анҷом шуд, чандин мавриди эъзоми ғайриқонунии коргарони хориҷӣ ба кор ошкор шуда, ҳазинаи ин зарар ба давлат қобили мулоҳиза аст.

“Муайян гардид, ки бар хилофи қарори Ҳукумат дар бораи қоидаҳои додани кор ба хориҷиён, бархе аз шаҳрвандони берунӣ бидуни иҷозат ба кор қабул шудаанд, ки дар натиҷа ба буҷети давлатӣ 5,3 миллион сомонӣ маблағ ворид нашуд”, - иттилоъ дод Сулаймон Талбакзода.

Тибқи иттилои Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аксари ин ширкатҳо чинӣ ва ё дар ҳамдастӣ бо чиниҳо дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Манбаъ афзуд, ширкатҳои назири “Пакрут”, ки 1,3 миллион сомонӣ, “Синоҳидро Тоҷикистон” - 772 ҳазор, “Ҷунтай Моҳир Семент” - 7,2, филиали ширкати “Синзян Коммуникейшн Конструкшн груп” дар Тоҷикистон - 451,4, намояндагии ширкати “ТВЕА” дар Тоҷикистон - 96,9 ва “Ҷонг Фу” - 600,3 ҳазор сомонӣ маблағи буҷетро пардохт накардаанд.

Якеи дигар ширкати муҳандисӣ - сохтмонии эронӣ ба номи “Умрон Морун” аст, ки дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” машғули кор аст ва дар пайи ҷалби ғайриқонунии коргарон ба буҷаи Тоҷикистон 19,5 ҳазор сомонӣ маблағ напардохтааст.

Ин рӯйхат бо ширкати “Гушикай Лтд” хотима меёбад, ки дар муаррифиҳо тоҷикистонӣ гуфта шудааст ва 553,8 ҳазор сомонӣ қарздор аст.

Дар ҳамин ҳол, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бораи ин, ки ин ширкатҳо шаҳрвандони кадом кишвари хориҷиро ба чӣ теъдод ба кор ҷалб кардаанд, маълумоти бештар ироа накард.

Барчаспҳо:
ғайриқонунӣ, кор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ