19:35 22 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Бахши мевафуршии бозори Шоҳмансур. 15 июл 2015

Тағйири нархҳо: нону арақ қиммат ва меваю сабзиҷот арзон шудааст

© Sputnik Амир Исаев
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
29 0 0

Мақомоти омори тоҷик иттилоъ дар мавриди тағйирёбии нархи ғизо дар Тоҷикистонро дар муқоиса бо моҳи сентябри соли гузашта нашр кардаанд. Тибқи иттилои онҳо, нархи нон, орд, арақ, чойи сабзу шакар боло ва сабзиҷот, меваю шир поин рафтааст.

ДУШАНБЕ, 30 сентября — Sputnik. Тавре аз гузориши Агентии омори Тоҷикистон бармеояд, нархи баъзе аз маводи ғизоӣ дар кишвар нисбат ба моҳи сентябри соли гузашта ба таври назаррас боло рафтааст.

Тибқи иттилои мониторинге, ки ҳар моҳ аз сӯи кормандони Агентии омори Тоҷикистон гузаронида мешавад, нархи нон, орд, арақ, чойи сабз ва шакар дар шаҳрҳои бузургтарини кишвар, аз ҷумла Душанбе, Хуҷанд, Кулоб ва Хоруғ қиммат шудааст.

Барои мисол, нархи орди навъи якум дар Душанбе дар муқоиса ба моҳи сентябри соли гузашта 16,7% боло рафтааст. Агар як кило орд дар моҳи сентябри соли гузашта 3 сомониро ташкил медод, ҳоло он баробар ба 3,5 сомонӣ гардидааст.

Арақ ба руйхати маҳсулотҳое ворид мешавад, ки нархи онҳо бештар боло рафтааст. Арзиши нӯшокии спиртӣ бештар дар шаҳри Кулоб қиммат шудааст, ки 50%-ро ташкил медиҳад. Агар дар моҳи сентябри соли 2014 як литр арақ 12 сомонӣ буд, ҳоло ин нишондод ба 18 сомонӣ расидааст.

Дар шаҳри Душанбе бошад арзиши он ҳамагӣ 5% боло рафта, як литри он, ки қаблан 20 сомонӣ буд, ҳоло 21 сомонӣ шудааст.

Нархи чойи сабз ҳам каме тағйир ёфта, дар муоқиса ба моҳи сентябри соли гузашта арзиши он дар шаҳри Хуҷанд 26,7% (аз 18 сомонӣ ба 22,80 сомонӣ барои як кило) боло рафтааст. Дар Душанбе бошад, ин нишондод 23,3%-ро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон бештар аз ҳама нархи шакар қимат шудааст. Арзиши як кило шакар 16,7% боло рафтааст. Нархи миёнаи як кило шакар дар бозорҳои шаҳри Хоруғ 6 сомониро ташкил медод, ҳоло он ба 7 сомонӣ расидааст.

Дар шаҳри Душанбе ин нишондод 14,3% мебошад. Агар дар моҳи сентябри соли гузашта як кило шакар бар ивази 4,90 сомонӣ фурӯхта мешуд, ҳоло бар ивази 5,60 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Нархи маҳсулоти нонӣ ҳам боло рафтааст. Албатта на дар ҳама манотиқи кишвар. Барои мисол арзиши 1 дона нон (400 г) бо орди навъи якум дар шаҳри Душанбе 23,3%, дар Хуҷанд 16,7%, дар Хоруғ 3% афзоиш ёфта, дар шаҳри Кулоб баръакс 20% поин омадааст.

Бояд гуфт, дар моҳи сентябри соли равон бештар нархи маҳсулоти аз ҳайвон омодашуда ва кишоварзӣ поин омадааст. Тавре гузоришҳои оморӣ ҳокиянд, нархи маҳсулоти сабзиҷоту мева нисбат ба моҳи сентябри соли гузашта арзон шудааст.

Барои мисол нархи як кило себ дар шаҳри Хоруғ 40% (аз 5 ба 3 сомонӣ) поин омадааст. Дар шаҳри Кӯлоб арзиши пиёз ва картошка мутаносибан 40% ва 20% арзон шудааст.

Дар шаҳри Душанбе бештар аз ҳама нархи шир поин рафтааст. 1 литр шир дар пойтахт ҳоло бар ивази 3,60 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар ҳоле ки он дар моҳи сентябри соли гузашта 4 сомониро ташкил медод.

 

Барчаспҳо:
қиммат шудан, боло рафтан, арзон, шакар, себ, орд, мева, қиммат шудани нархҳо, Агентии омори Тоҷикистон, Кулоб, Хуҷанд, Хоруғ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ