Вокуниши шадиди корбарони Фейсбук ба тахриби биноҳои таърихии Душанбе

© Sputnik / Амир ИсаевБинои шаҳрдории Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бинои шаҳрдории Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба таври фаъолона ба унвони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдор Маҳмадсаид Убайдуллоев барои ҷилавгирӣ аз тахриби биноҳои таърихии Душанбе имзо ҷамъ менамоянд.

ДУШАНБЕ, 15 октября — Sputnik. Хабари тахриби биноҳои таърихии Душанбе бо вокуниши шадиди корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук рӯбарӯ шудааст. Корбарон мегӯянд, чизе, ки падару бобоҳои онҳо бо орзӯю умед ва муҳаббат бунёд кардаанд, бояд ҳифз шавад.

Дар мавриди вайрон кардани биноҳои дастгоҳи иҷроияи президент, шаҳрдорӣ, чойхонаи "Роҳат", театрҳои Лоҳутӣ ва Маяковский муовини аввали Кумитаи сохтмон ва меъмории кишвар дар суҳбат бо расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.

© страница Салима Аюбзода в FacebookСкриншот со страницы Салима Аюбзода
Скриншот со страницы Салима Аюбзода - Sputnik Тоҷикистон
Скриншот со страницы Салима Аюбзода

Ба гуфтаи рӯзноманигори маъруфи тоҷик Салим Аюбзод, ҳар як пойтахти кишварҳои ҷаҳон бахши нав ва куҳнаи худро дорад. Аммо ӯ ибрози таасуф менамояд, ки пойтахти кишвари ӯ танҳо як бахш — навро хоҳад дошт.

"Нобуд сохтани макони бузургон ё кори онҳо маънои онро дорад, ки мо хотираи онҳоро аз ёдҳо пок мекунем", — навиштааст, ӯ дар саҳифаи худ дар Фейсбук.

© Страница Хуршеда Мустафаева в FacebookСкриншот страницы Хуршеда Мустафаева в Facebook
Скриншот страницы Хуршеда Мустафаева в Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Скриншот страницы Хуршеда Мустафаева в Facebook

Дар ҳамин ҳол, ҳунарманд Хуршед Мустафаев, ки солҳои зиёд дар театри тахрибшавандаи ба номи Маяковский кор мекунад, дар саҳифаи Фейсбуки худ акси муовини аввали раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ Нурали Саидзодаро гузошта, навиштааст, бо "қаҳрамон"-и худ шинос шавед. Ӯ бар ин назар аст, ки ҳар як сокини Душанбе бояд биноҳои таърихию меъморӣ ва фарҳангии пойтахтро ҳифз кунад.

Нависанда, шоир ва коргардони маъруф Сафарбеки Солеҳ дар поёни ин баҳс шеъреро ҳам таҳти унвони "Душанбе, ки махуф набуд" коридааст.

© Страница Сафарбека Солеха в FacebookСкриншот страницы Сафарбека Солеха в Facebook
Скриншот страницы Сафарбека Солеха в Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Скриншот страницы Сафарбека Солеха в Facebook

Аз сӯи дигар бояд гуфт, ки ҳоло сокинони Тоҷикистон барои "наҷот"-и ин биноҳои таърихии пойтахти кишвари худ зери номае ба унвони раисҷумҳур ва шаҳрдории Душанбе имзо ҷамъоварӣ мекунанд.

"Мо сокинони Душанбе ба Шумо ҳамчун нуктаи охирин барои ҷилавгирӣ аз иштибоҳи таърихӣ муроҷиат мекунем. Ин иншоотҳо дар даврони рушд ва ташаккули пойтахти ҷумҳурии мо сохта шудаанд ва ҳатто баъзе аз онҳо ҳоло Душанберо дар хориҷу дохил муаррифӣ мекунанд", — омадааст, дар матни нома.

"Дар ҳоле ки имрӯз тамоми ҷаҳон талош доранд, чизҳои хусусияти таърихи доштаро ҳифз кунанд, мо ҳақ надорем, биноҳое, ки бо як орзӯю умед аз сӯи падару бобоҳоямон бунёд шудааст, вайрон кунем", — таъкид кардаанд, сокинони пойтахт.

Тахриби биноҳои таърихии даврони шӯравӣ ҳоло ба як раванди маъмулӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ табдил ёфтааст. Раҳбарони нави ин мамолик ҳоло талош доранд, бо бунёди биноҳҳои боҳашамат, ки ҳоло дар шаҳрҳои Ашқобод, Душанбе ва Остона қомат афрохтаанд, умри ҳукуматдории хешро дароз кунанд.    

Лентаи хабарҳо
0