16:33 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

38%-и сармоягузориҳои Тоҷикистонро грантҳо ташкил медиҳанд

© Sputnik Амир Исаев
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
16 0 0

Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, соли равон бештари сармояҳо ба бахши энергетика, нақлиёт ва ҳифзи муҳити зист равона шудааст.

ДУШАНБЕ, 21 октября — Sputnik. Соли равон дар Тоҷикистон 16 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 281,1 доллари амрикоӣ имзо шудааст, ки 10,8 миллион 1 38,5 дарсади онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд, омадааст, дар иттилоияи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар.

Ин маблағҳо дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷудо шуда, бахши асосӣ ё беш аз 60%-и онҳо маблағҳои қарзӣ мебошанд.

Дар мумум ҳоло дар Тоҷикистон 56 лоиҳаи сармоягузорӣ мавриди амалишавӣ қарор дорад. Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои мазкур то ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ 7,5 миллиард сомонӣ ё 1,16 миллиард доллари ИМА азхуд карда шудааст, ки ин 49,8 % маблағи умумиро ташкил медиҳад.

"Маҷмўи лоиҳаҳо зиёда аз 10 соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии кишварро дарбар гирифта, дар таркиби лоиҳаҳо маблағҳои қарзӣ — 43,6%, маблағҳои грантӣ — 48,1%, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — 6,4% ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми ширкатҳои давлатии ҷумҳурӣ, ҷамоаҳо ва ғ., — 1,9%-ро ташкил медиҳад", таъкид мекунад, манбаъ.

Давоми соли равон аз ҳисоби сармояҳо ба соҳаи маориф 64,6 миллион сомонӣ($10 миллион), тандурустӣ 25,8 миллион сомонӣ($ 4 миллион) ва кишоварзӣ 47,8 миллион сомонӣ($7,4 миллион) ҷудо шудааст.

Аз ҳама бештар ба бахшҳои энергетика — 657,3 миллион сомонӣ($101,8 миллион), нақлиёт — 377,7 миллион сомонӣ($58,5 миллион) ва экология —24,5 миллиона сомонӣ ($3,8 миллион) равона гардидааст.

Дар бахши саноати сохтмонӣ соли равон лоиҳае барои бунёди корхонаи сементбарории " Чжунгтсай!" дар ноҳияи Ёвон имзо шудааст. Барои бунёди ин корхона, ки дар як сол 1,2 миллион тонна семент истеҳсол мекунад, 145 миллион доллар равона шудааст. Ин корхона то соли 2016 бояд корро шурӯъ кунад.

Барчаспҳо:
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, энергетика, сармоя, нақлиёт, доллар, сомонӣ, маблағ, грант, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ