11:55 23 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
64 0 0

Тайи 15 соли охир президенти Русия тавассути пахши мустақим ба муҳимтарин саволҳои шаҳрвандони Русия ҷавоб гуфта, ба ҳаллу фасли ин ё он мушкилиашон мусоидат мекунад.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Имрӯз президенти Федератсияи Русия Владимир Путин  бо шаҳрвандони кишвар "сӯҳбати мустақими" навбатиро доир мекунад. Идораи Sputnik Тоҷикистон лаҳзаҳои муҳимтарини муоширати роҳбари давлатро бо сокинони Русия ҷамъ овардааст.

24 декабри соли 2001 президенти ФР Владимир Путин бори нахуст бо шаҳрвандони кишвар тариқи пашхи мустақим сӯҳбат кард.

Соли 2002 саволи прапоршики пойгоҳи 201-ум Олег Козлов, аз Тоҷикистон диққати ҳамаро ба худ ҷалб намуд. Корманди низомӣ гуфт, ки гарчанде соли 1994 барои нишон додани қаҳрамонӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба ӯ унвони қаҳрамони Федератсияи Русияро лоиқ донистанд, на ӯ ва на аъзои оилааш  шаҳрвандии Русияро надоранд.

Путин ваъда дод, ки "дар давоми ҳафтаи оянда ин масъала ҳал хоҳад шуд". 25 декабри соли 2002 Олег Козлов, ҳамсараш ва ду фарзандаш соҳиби шаҳрвандии Русия градиданд.

Соли 2005 донишҷӯ Манрина аз Воркута аз президент хоҳиш кард, то ягона донишгоҳи ройгони зодгоҳаш-филиали донишкадаи кӯҳии Питербургро, ки қабули довталабонро маъ карда буд, нигоҳ дорад. Баъди гуфтушунидҳои зиёд бо мақомоти федеролӣ донишкада аз сари нав ба фаъолият шурӯъ кард.

Соли 2006 сокини деҳаи Подгороднии вилояти Оренбург Аркадий Какаев аз путин суол кард, ки баъди соли 2008 кишвар дар кадом вазъ қарор мегирад. Президент ваъда дод, ки "ҳамааш хуб мешаавд".

Соли 2007 духтари иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз вилояти Оренбург шикоят кард, ки падарашро боре ҳам ба "паради" рӯзи Ғалаба ба Москав даъват накардаанд. 9 майи соли 2008 Федор Артемович ба Москав омад ва дар  Майдони сурх дар сафи қаҳрамонон қадам зад.

Соли 2009 Таня Капнинская, ки дар синфи нӯҳум таҳсил мекард, аз деҳаи Старадубкаи вилояти Омск шикоят кард, ки дар мактабашаон танҳо се адад компютер доранд. Путин худи ҳамон замон ба ҳар муҳассили мактаб яктоӣ компютер ваъда кард.

Дар рафти пахши мустақим соли 2011 Владимир Путин изҳор дошт, ки масъалаи манзили хизматчиёни ҳарбии Русия то охири соли 2013 ҳал хоҳад шуд. Соли 2012 ба низомиён 3,5 ҳазор хонаи хизматӣ ва 11,8 ҳазор манзил барои зиндагии ҳамешагӣ ҷудо гардид.

Соли 2013 президенти Русия бо оилаи Кузменка аз минтақаи Приморск, ки соҳиби 15 фарзанд, аз ҷумла 12 фарзанд аз хонаи кӯдакон гирифташуда ҳастанд сӯҳбат кард. Путин ба баробар кардани кӯмакҳо ба оилаҳои серфарзанд ва оилаҳое, ки ба тарбияи кӯдакони хонаи кӯдакон машғуланд розӣ шуд. Ҳамчунин дар ҳавлии онҳо майдончаи бозӣ бунёд гардида, губернатори минтақа ба онҳо микроавтобуси Volkswagen Crafter тӯҳфа кард.

Кристина Кутеповаи даҳсола аз шаҳри Санкт-Петербург ҳангоми пахши мустақим иброз дошт, ки омода аст ҳамроҳи волидайнаш ба Маскав барои салом кардан бо президент биёяд. Владимир путин Кристинаро ҳамроҳи волидайнаш ба Маскав даъват намуда, дар паради Рӯзи ғалаба  бо онҳо вохӯрд.

Соли 2015 София Бабич, ки 15 сол дошт, ба президент гуфт, ки гирифтори бемории фалаҷ аст вале наметавонад асбобҳои махсуси варзиширо харидорӣ намояд. Рӯзи дигар  Хазинаи хайриявии ба номи Аҳмад Кадиров ба духтарча тренажёр тӯҳфа кард.

Дар рафти "сӯҳбати мустақим" ба президент дӯсти Елена муроҷиат карда гуфт, ки дӯсташ мехоҳад саг дошта бошад, вале шавҳараш "собиқ полковник" розӣ нест. Ин зан аз Путин хоҳиш кард, то бо шавҳари дугонааш ҳамчун "фармондеҳ"сӯҳбат карда ӯро розӣ кунонад. Президент изҳор дошт, ки сагча "муносибатҳои оиларо" мустаҳкам мегардонад ва ба полковник маслиҳат дод, то ба завҷааш сагча тӯҳфа кунад. Дар охир Елена чанд рӯз қабл аз солгардаш соҳиби сагча гардид.

 

Мавзуъ

Путин: барои таъмиру тармими мактабҳо 50 миллиард ҷудо мешавад
Барчаспҳо:
пахши мустақим, шаҳрвандони Русия, сӯҳбати мустақим, гуфтушунид, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, президенти Федератсияи Русия, президент, Аркадий Какаев, София Бабич, Кристина Кутепова, Олег Козлов, Елена, Владимир Путин, Омск, Оренбург, Афғонистон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ