Вазири иқтисод ҳангоми гирифтани 2 миллион доллар ришва ба даст афтод

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкВазири рушди ицтисоди Русия Алексей Улюкаев, акс аз бойгонӣ
Вазири рушди ицтисоди Русия Алексей Улюкаев, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сабаби гузаронидани тафтишот нисбати Алексей Улюкаев гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонии ӯ ва атрофиёнаш гаштааст

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik.Вазири рушди иқтисоди Русия Алексей Улюкаев ҳангоми гирифтани ришва аз намояндаи ширкати "Роснефт" дастгир шудааст.

"Сабаби гузаронидани тафтишот нисбати Алексей Улюков натиҷаҳои сабти сӯҳбатҳои телефонии вай ва атрофиёнаш гаштааст",- хабар додааст ба РИА Новости манбаъ.

"Гап дар бораи гирифтани ришва дар намуди маблағи калон меравад, ки вазир аз намояндаи ширкати "Роснефт" ба даст овардааст, мегӯяд Светлана Петренко иҷрокунандаи муваққатии роҳбари раёсат оид ба ҳамкории бо ВАО кумитаи тафтишоти ФР.

"Улюкаев ҳангоми гирифтани ришва ба даст афтодааст",- қайд намудааст вай.

Дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ аз ҷониби ФСБ Русия нисбати вазири рушди иқтисод  Улюкаев парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи тафтишоти ФР, ҳолатҳои ҷиноят бо гирфтани 2 млн. доллар ришва аз ҷониби Улюкаев мебошад, ки номбурда бо баҳонаи  аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод додани арзёбии мусбӣ ба  ПАО "НК "Роснефть" барои бастани созишнома маблағи калонро талаб намудааст.  Ҳоло вазир дастгир шудааст.

Лентаи хабарҳо
0