23:36 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
5501

Ҷовидон Ҳакимов ба иттиҳоми созмондиҳии гурӯҳи табаҳкор ва муздурӣ муҷрим шинохта шуд

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷурми ҳамдастӣ бо созмони теруристии "Давлати исломӣ" барои 15 сол зиндонӣ кард.

Бино ба иттилоъи равобити умумии ин додгоҳ, Ҷовидон Ҳакимов ба иттиҳоми созмондиҳии гурӯҳи табаҳкор ва муздурӣ муҷрим шинохта шуд. Нерӯҳои амниятӣ ин ҷавони 29-сола аз шаҳри Кӯлобро дар оғози соли 2017 боздошт карда буданд.

Бозҷӯён ошкор кардаанд ки вай замоне, ки дар Русия зиндагӣ дошта, бо бародараш Абдуҷалил Ҳакимов ва ҳамсояаш Нусрат Назриев дар тамос будааст, ки ба созмони теруристии "Давлати исломӣ" (ё ДОИШ ки фаъолияташ дар Русия қонунан мамнуъ аст) пайваста ва дар Ироқу Сурия меҷангидаанд. Ҷовидон бо раҳнамоии онҳо муҳоҷиронро ба пайвастан ба ДОИШ фаро мехонда ва довталабонро ба Сурияву Ироқ мефиристодааст. Бозҷӯён муъайян кардаанд ки Ҳакимов бо ин роҳ ҳаддақалл се шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷанг дар Ховари Миёна кашидааст.  

Мавзуъ

Нерӯҳои амниятии Русия як ҷангҷӯи тоҷики "Давлати исломӣ"-ро дар Маскав боздошт карданд
Барчаспҳо:
ДОИШ, додгоҳ, ДОИШ, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҷовидон Ҳакимов, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ