10:46 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Наврӯз дар ВДНХ

Маскав Наврӯзро дар сездаҳум рӯз аз соли нав ҷашн гирифт

© Sputnik Ирина Гуцкова
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
5201

Боздидкунандагон аз барнома мегӯянд ҷашни Наврӯз дар ВДНХ бисёр хуш гузашт

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Ҷашни наврӯз дар Маскав бо барномае пуршукӯҳ баргузор шуд. Ин барнома дар яке аз бузургтарин намоишкадаҳои ВДНХ — намоишгоҳи дастовардҳои иқтисодии Русия баргузор шуд ва дар он намояндагоне аз мардумони Осиёи Марказӣ, туркитаборони Русия ва меҳмононе аз бархе аз кишварҳои Ховари Наздику Миёна ширкат карданд.

Меҳмонӣ ва саргармӣ

Баргузоркунандагони барномаи наврӯзии Маскав бисёр кӯшишу талош карда буданд то ин ҷашн дар ёдҳо мондгор шавад. Барномаи ҳунарии ин ҷашн бисёр шӯрангез буд. Чунончи, дар базме ки ороста буданд, овозхонҳои номии Русия Лев Лешенко, Лариса Долина ва чанде дигар ҳунарнамоӣ карданд. Сипас гурӯҳҳои созиву овозӣ ва рақсӣ аз Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Озарбойҷон ва Русия тамошобинонро ба шӯр оварданд.

Ҳунари мусиқиву овозхониву рақси Тоҷикистонро дар ин ҷашн виолуннавози чирадаст Ноҳид Зайналпур, овозхонҳо Фаридун Хуршед ва Сангалӣ Мирзоев ва гурӯҳҳои рақсии "Гулчин", "Нур" ва "Баҳор" намоиш доданд.

Оҳангҳои дилошӯб ва ҳунари овозхонҳову рақсандаҳо тамошобинонро ба ваҷд меовард. Меҳмононро аз барномаи ҳунарии тоҷикон чунон хуш омад, ки бо кафкӯбиву офаринхониҳо толорро ба ларза оварданд. Пешвози гарм аз ҳунармандон онҳоро низ ба шӯр овард ва базм гармтар шуд. Чуноне ки яке аз боздидкунандагон мегӯяд:

"Беҳтарин барномаи ҳунарӣ дар ҷашни имрӯзии Наврӯз дар ВДНХ аз ҳунармандони тоҷик, бавижа виолуннавозии Ноҳид Зейналпур, буд. Ҳамин ки муҷриён ҳунарнамоияшро эълом карданд, мардум худро ба сӯи саҳна кашонд ва бо нахустин нотҳояш рақсидан гирифт. Инҷо буд ки вуҷудамро эҳсоси ифтихор аз ҳунари ҳамшаҳриёнам фаро гирифт. Ҳунарнамоии Фарҳод Ҷомаҳмадзода ва гурӯҳи "Гулчин" дар ҳавои виолуни Ноҳидбону барномаро шӯрангезтару гармтар кард".

Палав — муҳимтар аз дигар барномаҳо

Вале роҳ ёфтан ба сӯи саҳна осон набуд. Намояндагони ҳар кишваре хаймаҳои наврӯзӣ бар по кардаву суфра ороста буданд ва меҳмононро ба сӯи худ фаро мехонданд. Ҳамзамон намунаҳое аз ҳунару фарҳанги худро, аз он ҷумла офаридаҳои дастварзон, заргарон, кулолгарон ва нигоргаронро ба намоиш гузошта буданд. Анбӯҳе аз меҳмонон гирди хаймаи Тоҷикистонро фаро печида буд ва пӯшоку зебафзору зевару кордҳову кӯлоҳҳои тоҷикиро тамошову озмоиш мекард. Яке аз фурӯшандаҳо гуфт:

"Мо пираҳанҳоеро овардаем ки маъмулан духтарон дар Наврӯз ба тан мекунанд. Инҷо аз Бадахшону Суғду Хатлону Рашту Ҳисор пироҳан дорем. Ин гулдӯзиҳо ҳама дастдӯхт аст. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон пироҳани атлас мӯд шуда ва духтарон бештар пироҳани миллидӯхт ба тан мекунанд. Инҷо кулоҳҳоро гузоштаем — ин чандто тоқии помирӣ ҳастанд, он чандто — кӯлобӣ. Ҳамчунин намунаҳои бисёре аз кордҳои маъруфе овардаем ки дар Қурғонтеппа сохта мешаванд".

Вале пироҳану кулоҳ танҳо колое набуд ки Тоҷикистон меҳмонони маскавиро шигифтзада кунад. Дар ғурфае ҷудогона фаровардаҳои ширкати LA'AL Textiles намоиш дода мешуданд ки он беш аз 10 коргоҳи нассоҷиву қолибофиро дар бар мегирад.

Намояндаи ин ширкат мегӯяд: "Мо мехоҳем бозорҳои наве барои колоҳоямон дар Русия пайдо кунем. Ин дувумин намоишгоҳест ки мо дар Русия баргузор мекунем. Ин маҷмуъаро мо дар муддати беш аз шаш моҳ омода кардаем ва он фаровардаҳоеро дар бар мегирад, ки аз бунмояҳои ороишии тоҷикӣ ва равияҳои мӯди имрӯзӣ таҳия шудаанд".

Дар канори намоишгоҳҳои пӯшоку колоҳо ошпазҳо ҷой гирифта буданд. Ҳар кишваре ошу нону чойу шириниҳояшро пешкаш мекард ва аз канори онҳо гузаштан осон набуд.

Ошпазҳо дар пухтани хушмаззатарин палав бо якдигар мусобиқа мекарданд. Боздидкунандагон низ гирду пешашонро печида буданд ва аз ҳар ошпазе шеваи пухтани палави тоҷикӣ ё узбакӣ ё қирғизиро ҷӯё мешуданд аз дастпухташон мечашиданд.

Яке аз боздидкунандагон бо таъассуф гуфт ки палави тоҷикиро, ки хушмаззатар буд, дар андак замоне пок хӯрдаанд ва ӯро нарасидаву аз палави узбакӣ ва афғонӣ чашидааст ки онҳо низ хушаш омадаанд.

Рангинкамоне аз кулоҳҳо

Дида мешуд ки бештарин меҳмон дар ҷашн аз Тоҷикистон буд. Онҳоро аз тоқиҳояшон мешуд зуд шинохт. Биёре ҳам бо парчами Тоҷикистон омада буданд ва онро инҷову онҷо бар меафрохтанд. Бархе онро бар дӯшашон андохтаву миёни ғурфаҳо гашту гузор мекарданд. Тоҷикдухтаре гуфт:

"Ҳама дӯстонам инҷо омадаанд. Оҳангҳои ошноро инҷо мешунавам ва чунин эҳсос мекунам ки гӯё дар Тоҷикистон бошам".

Намояндаҳои дигар милалу кишварҳо ки пӯшоки миллияшонро ба бар накарда буданд, дар ин ҷашн чандон чашмгир набуданд. Вале тоҷикон зуд шинохта мешуданд ва ҳамшаҳриҳо якдигарро зуд пайдо мекарданду бо ҳам давра гирифта хушӣ мекарданд.

Тоҷикдухтаре ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт:

"Мо махсус пироҳани миллӣ ба бар кардаву инҷо омадаем то нишон диҳем ки аз Тоҷикистон ҳастем".

Чанд соат базму бозӣ дар ВДНХ бисёр хуш гузашт, вале саранҷом барнома ба поён расид ва боздидкунандагон хушу хурсанд хона ба хона рафтанд.

Мавзуъ

Умед Ҷайҳонӣ: Наврӯз ҷашни оғози соли нави миллии тоҷикон аст
Барчаспҳо:
базм, ҷашн, Наврӯз, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ