Куштигири навҷавон Ҷаҳонгир Маҷидов қаҳрамони мусобиқоти Ҷоми Урупо шуд

© Фото : Tajik sportҶаҳонгир Маҷидов дар мақоми қаҳрамони мусобиқоти ҷудои Ҷоми Уруппо
Ҷаҳонгир Маҷидов дар мақоми қаҳрамони мусобиқоти ҷудои Ҷоми Уруппо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мусобиқоти куштии "Tula Cadet European Cup-2017" бо ширкати беш аз 200 ҷудокори навҷавон бар шаҳри Тула баргузор шуданд

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Ҷавонпаҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 81 килуграм Қаҳрамони Ҷоми ҷудои Урупо шуд.

Дар мусобиқоте ки дар шаҳри Тула дирӯз, 1 апрел баргузор шуданд, Ҷаҳонгир дар оғоз бар ҳамоварди нерӯмандаш Мансур Лорсанов аз Русия пирӯз шуд. Сипас баҳодури қазоқ Избассар Ералиев ва куштигир Размик Баравӣ аз Русияро шикаст дод. Дар зӯрозмоии ниҳоӣ дар вазни то 81 килуграм ӯ бо паҳлавони гурҷӣ Гоча Гвачлианӣ дасту панҷа нарм кард ва ӯро дар охирин сонияҳо ба тахтапушт хобонд.

Бино ба иттилоъи гардонандаи гурӯҳи фейсбукии "Tajik sport" Муҳаммад Абдурозиқ Неъматзод, Ҷаҳонгир Маҷидов як моҳ пеш низ дар мусобиқоти Ҷоми Урупо дар шаҳри Анталия медали нуқра ба даст оварда буд. Ин ҷавонпаҳлавони тоҷик дар раддабандии вазни то 81 килуграм дар ҷаҳон мақоми аввалро дорад.

Дар мусобиқоти куштии Ҷоми Урупо дар шаҳри Тула дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон иборат аз Муҳаммадсино Баҳодурзода (55 кг), Фаррух Файзализода (55 кг), Сафарғанӣ Қурбонбеков (60 кг), Сироҷиддин Бобоев (60 кг), Абдулло Неъматов (66 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев (66 кг), Суруш Тавакалов (66 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (81 кг), Хушвахт Идиев (81 кг), Меҳроб Тағоймуродов (81 кг), Масъуд Мунавваров (90 кг) ва ба раҳбарии Рускидин Раҷабов ширкат кард.

Лентаи хабарҳо
0