Консулгарии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон вебгоҳашро роҳ андохт

© Sputnik / Стас ЭтвешПросмотр нового сайта консульства РТ в Афганском Бадахшане
Просмотр нового сайта консульства РТ в Афганском Бадахшане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вебгоҳи худро дар Интернет фаъол кард

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Консулгарии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон дар вебгоҳи худ ба забонҳои форсӣ ва инглисӣ матолибу донистаниҳоро дар бораи рӯйдодҳои муҳими Тоҷикистон, фаъолияти раисҷумҳурӣ ва вазорати хориҷа дар бахши Афғонистон, умури консулӣ, равобити Тоҷикистону Афғонистон, умури сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоъӣ, гардишгарӣ ва дарёфти раводид мунташир карда ва рӯзомад хоҳад кард.

Бино ба иттилоъи дафтари иттилоърасонии вазорати умури хориҷаи ҶТ, дар ин вебгоҳ роҳнамои дарёфти раводиди электронӣ низ оварда шудааст.

Консулгарии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоии "facebook" ва "twitter" сафҳаҳояшро фаъол карда ва дар онҳо ахбори Тоҷикистон ва Афғонистон, бавижа вилоятҳои шимолу шарқи онро, дар дастраси ҳамвандон гузоштааст.

Лентаи хабарҳо
0