Доғистон ва Суғд ҳамкориҳои дуҷонибаро густариш медиҳанд

© Фото : Официальный сайт Главы Республики ДагестанПодписано Соглашение между Дагестаном и Согдийской областью Республики Таджикистан
Подписано Соглашение между Дагестаном и Согдийской областью Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар паи сафари раҳбари Ҷумҳурии Доғистон ба вилояти Суғд миёни ин минтақаҳои Русия ва Тоҷикистон санади ҳамкории густарда имзо шуд

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Рамазон Абдулатипов ва Абдураҳмон Қодирӣ дирӯз дар Хуҷанд дар заминаи ҳамкориҳои тиҷорӣ-иқтисодӣ, илмӣ-фаннӣ ва ҳунарӣ-фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Доғистон ва вилояти Суғд тавофуқнома имзо карданд.

Ба иттилоъи дафтари равобити умумии раҳбари Доғистон, ин санад дар анҷоми дидори Рамазон Абдулатипов ва ҳайъати ҳамроҳаш бо раиси вилояти Суғд ва ҳайъати устондорӣ имзо шуд.

Бино ба ин тавофуқнома, Доғистон ва вилояти Суғд қасд доранд равобиту ҳамкориро дар заминаҳо иқтисодӣ, бозаргонӣ, илмиву омӯзишӣ, фанноварӣ, ҳунару фарҳанг густариш диҳанд. Тарафҳо қарор доданд, ки дар заминаҳои саноеъ ва кишоварзӣ, улуму фанновариҳои пешрафта, меъмориву сохтусоз, ҳунар, гардишгарӣ, варзиш ва омӯзиш ҳамкориҳоро тавсеъа диҳанд.

Аз ҷумла, тарафҳо қасд доранд шароитро барои роҳандозии ҳамкориҳои илмӣ ва табодули иттилоъоти илмӣ ва омӯзишӣ миёни донишгоҳҳои Доғистону Суғд мусоъид кунанд.

Дар заминаи меъмориву сохтусоз қарор шуда ҳамкориро дар заминаҳои баҳрагирӣ аз тарҳу фанновариҳои нави сохтусоз, бозсозӣ ва навсозии корхонаҳои сохтмонӣ ва роҳандозии хариду фурӯши масолеҳи сохтусозӣ миёни минтақаҳоро густариш диҳанд.

Ҳамчунин тавофуқ шуда, ки тарафҳо шароитро барои хариду фурӯши колоҳову фаровардаҳои кишоварзӣ миёни Доғистону Суғд беҳбуд кунанд.

Ин санад ҳамчунин заминаро барои тавсеъаи ҳамкориҳо миёни бунгоҳҳои фарҳангии ду минтақа, ширкати гурӯҳҳои пешакору ҳунардӯст дар ҷашнвораву озмунҳо, иҷрои намоишҳо, баргузории намоишгоҳҳо ва сафарҳои ҳунариву фарҳангӣ дар Доғистону Суғд фароҳам меоварад.

Дар чорчӯби ин тавофуқнома дар назар гирифта шуда, ки шароит барои баҳрабардории беҳина аз доштаҳои табиъиву фарҳангии ҷумҳурии Доғистону вилояти Суғд дар заминаи гардишгарӣ фароҳам оварда шавад. Чунончи, қарор аст гашту гузори гардишгарони тоҷику доғистонӣ дар маконҳои дидании ду сарзамин роҳандозӣ шавад ва ширкатҳои гардишгарӣ хадамоташонро дар намоишгоҳҳои ҷаҳонгардӣ дар ду кишвар пешниҳод кунанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки раҳбари Ҷумҳурии Доғистон Рамазон Абдулатипов 10 — 12 май бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт ва дар чорчӯби ин сафар бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дидору мулоқот карда буд.

Раҳбари Доғистон дар ин сафар ҳамчунин аз минтақаи озоди иқтисодии "Суғд", маҷмааи торихиву фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд" ва Боғи милии "Ваҳдат" боздид кард.

Лентаи хабарҳо
0