04:14 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
157 0 0

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои дифоъ аз поённомаҳои номзади улум ва пажӯҳишномаҳои дуктурӣ чаҳор шуро таъсис додаст

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуроҳои дифоъ аз поённомаҳои номзади улум ва пажӯҳишномаҳои дуктурӣ дар риштаҳои ҳуқуқ, физик, кимиё ва иқтисод ва дарёфти дараҷаҳои илмии дуктури фалсафа ва дуктури улум таъсис додааст.

Бино ба гузориши вебгоҳи расмии ДМТ, ҷаласаи расмии роҳандозии шуроҳои диссертасионӣ дар ин донишгоҳ 16 май баргузор шуда ва дар он раҳбарони сохторҳои давлатӣ ва илмии кишвар ширкат кардаанд.

Ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон дар масоъили рушди иҷтимоъӣ ва робита бо ҷомеъа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ин ҷаласа гуфтааст, ки бо дастгирии мустақими Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар Кумисюни олии гувоҳии мадорики таҳсилӣ бунёд шуд.

Ба гуфтаи вай, дар донишгоҳ шуроҳои диссертасионӣ барои дарёфти дараҷаи илмии дуктури фалсафа (PhD) ва дуктурӣ дар риштаҳои улуми ҳуқуқшиносӣ, физика, кимиё ва иқтисод таъсис ёфтааст.

Раиси Кумисюни олии аттестасионии вобаста ба Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода дар ин ҷаласа гуфта, ки «коргурӯҳи Кумисюн 57 пешниҳод барои таъсиси шуроҳо дар риштаҳои гуногун дарёфт кард, ки бо талошҳои раиси ДМТ, академик Имомзода амалӣ шуданд ва дар донишгоҳ шуроҳои марбута таъсис шуданд».  

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки таъсиси шуроҳои мазкур талаботи замон буда, дастоварди арзанда барои пажӯҳишгарони ҷавон аст.

Мавзуъ

Кишвардору шаҳрдор хишти нахусти сохтмонҳои додгоҳу омӯзишгоҳу озмоишгоҳу донишгоҳро гузоштанд
Барчаспҳо:
пажӯҳишнома, поённома, дуктурӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Абдуҷаббор Раҳмонзода, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ