Амрико ёрирасонӣ ба Тоҷикистонро коҳиш хоҳад дод

© Sputnik / МИД РТПредставитель Госдепартамента США встретился с послами стран Центральной Азии
Представитель Госдепартамента США встретился с послами стран Центральной Азии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи баландпояи Вазорати умури хориҷаи Амрико бо сафирҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пойтахти Туркманистон дидор кард

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Мудири бахши Осиёи Марказӣ, дафтари умури Осиёи Ҷанубиву Шарқӣ дар Вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида Амрико Скот Рейд бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ишқобод дидор кард.

Бино ба иттилоъи дафтари расонаии ВКХ ҶТ, ин дидор 5-уми июн дар қароргоҳи сафири ИМА дар Туркманистон баргузор шуда ва сафири Тоҷикистон дар Ишқобод Фаррух Шарифзода низ дар он ширкат кардааст.

Дар ин дидор масоили ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба ва минтақаии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амрико дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, фарҳангӣ, омӯзишу парвариш ва умури башардӯстона баррасӣ шуданд.

Пештар хабар дода шуда буд, ки давлати ИМА дар назар дорад ёрирасонӣ ба кишварҳои рушдкунандаро коҳиш диҳад. Вазорати умури хориҷаи Амрико қарор дода, ки аз сармоягузориҳо дар чорчӯби барномаҳои ёрирасонӣ ба бистучанд кишвари Урупо, Уросиё ва Осиёи Марказӣ куллан даст кашад. Чунончи, дар назар аст, ки кумакҳои модиву молии ба Тоҷикистон 47,6 дарсад яъне то 17,3 милюн дулор кам карда шаванд.

Тоҷикистон аз соли 1992 то кунун аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико беш аз 1,8 милёрд дулор кумак дарёфт карда, ки барои пуштибонӣ ва иҷрои барномаҳои рушди кишоварзӣ, энержӣ, тиҷорат, беҳдошту дармон, омӯзишу парвариш ва ниҳодҳои мардумсолорӣ ҳазина шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0