08:33 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.56
  • RUB0.15
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
10111

Ҷумҳурии Ҳинд ва Ҷумҳурии Исломии Покистон узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шонгҳой шуданд.

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Раҳбарони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон Тоҷикистон, Узбакистон ва Чин имрӯз дар Остона дар нишасти Шурои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой қарори пайвастани Ҳинду Покистон ба ин созмонро имзо карданд.

Бино ба гузориши хабаргузории "РИА Новости", сарони кишварҳои узви Шонгҳой дар ин нишаст 11 санадро имзо кардаанд, ки дар миёнашон Эъломияи Остона ва Конвенсюни Созмони ҳамкории Шонгҳой барои муборизаи муштарак бо теруризму ифротгароӣ, тавофуқномаи рушди гардишгарӣ низ ҳастанд.

Ҳамчунин сарони кишварҳо дархости Эрон барои узвият дар Созмонро баррасӣ кардаанд, аммо натиҷаи он то кунун эълом нашудааст. Пеш аз ин Чину Русия аз узвияти Эрон дар СҲШ пуштибонӣ карда буданд.

Бо ин нишасти давраи раёсати Қазоқистон дар Созмон ба поён ва навбат ба Чин расид. Нишасти ояндаи сарони кишварҳои узви созмон тобистони соли 2018 дар Чин баргузор хоҳад худ.

Мавзуъ

Расонаҳо: Тоҷикистон намехоҳад Эрон ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой бипайвандад
Сергей Лавров: акнун Эрон низ метавонад ба Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой бипайвандад
Барчаспҳо:
Покистон, Ҳинд, Созмони ҳамкории Шонгҳой, Урупосиё

Мавзӯъҳои асосӣ