Эмомалӣ Раҳмон ҳамдардии худро бо миллату давлати Покистон иброз кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо давлату миллати Покистон ва хонаводаҳои қурбониёни оташсӯзии худрави сӯхтбар дар он кишвар ҳамдардӣ кард

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёме бо изҳори таъассуф аз куштаву захмӣ шудани садҳо тан аз мардуми Покистон дар оташсӯзии худрави сӯхткашон бо давлату миллати Покистон ва хонаводаҳои қурбониён ибрози ҳамдардӣ кард.

Дар барқияи таслият ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн ва нахствазири он кишвар Муҳаммад Навоз Шариф, ки матни онро дафтари итилоърасонии раёсати ҶТ мунташир карда, аз ҷумла омадааст:

"Ҷанобони Олӣ,

Фоҷеаи ҷон бохтан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари сӯхтор дар шаҳри Баҳовалпури вилояти Панҷоб боиси андӯҳи амиқи мо гардид. 

Ҳамдардиву таслияти хешро ба  наздикону пайвандони ҷонбохтагон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди мутаъол ба онҳо сабри ҷамил  ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комилро масъалат дорам".

Ёдоварӣ мекунем, ки дар оташсӯзие, ки дирӯз дар паи вожгун шудани худрави сӯхтбар дар шаҳри Баҳовалпур сар зад, сад чиҳил кас куштаву беш аз панҷоҳ кас сахт захмӣ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0