14:50 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Пресс-конференция ко Дню национального единства Таджикистана

Оштии тоҷикон намунае коромад барои ҳалли буҳрон дар Сурия аст

© Sputnik
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҷашни 20 -солагии Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон (18)
9011

Хабаргузории Sputnik Тоҷикистон имрӯз дар маркази расонаии хабаргузории байналмилалии "Русия имрӯз" нишасте дар мавзуъи "Ҷумҳурии Тоҷикистон: бист соли сулҳ" баргузор кард

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Таҷрибаи ҳалли мусолиҳатомези муноқиша дар Тоҷикистон метавонад намунае барои ҳалли оштиҷӯёнаи даргириҳо дар Сурия ва Афғонистон бошад, боварманд аст сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов.

"Комилан муътақидам, ки роҳи ҳалли муноқишаи миёни тоҷикон таҷрибае воқеъан беҳамто аст. Кам муноқишае дар ҷҳон буда ки бо сулҳу оштӣ ҳалл шуда бошад. Таҷрубаи Тоҷикистон ин воқеъиятро матраҳ мекунад, ки бояд тарафҳои даргир, мардум худ ба ин натиҷа бирасанд, ки бояд ҷангро бас кард ва музокираву тавофуқ кард. Поёни ҳар ҷанге оштӣ аст", — гуфт Сатторов дар ин нишаст.

Сафири Тоҷикистон муътақид аст, ки ҳарчи тарафҳо зудтар ба чунин натиҷае бирасанд ва оштӣ кунанд, "захмҳо низ зудтар дармон шуда ва осеби камтаре ба манофеъи миллӣ ва ё раванди бунёди кишвари худсолор зада хоҳад шуд".

Вай бар ин бовар аст, ки таҷрибаи Тоҷикистон бояд барои ҳалли муноқишаҳои имрӯзӣ омӯхатаву ба кор бурда шавад.

"Медонам, ки ин таҷрибаро бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ва таҳлилгарону пажӯҳишгарон мутолеъа кардаанд ва он барои ҳалли бархе аз муноқишаҳо ба кор ҳам рафтааст", — афзуд сафири ҶТ дар Маскав.

Вай таъкид кард, ки ҳама тарафҳои даргир дар муноқишаҳо, аз ҷумла дар Афғонистон, бояд ин воқеъиятро дарк кунанду бипазиранд, ки чунин муноқишаҳое фаротар аз марзҳои ҳар кишвар густариш меёбанд вале пеш аз ҳама ба худи он кишварҳо осебе ҷуброннопазир мезананд.

Дар ин нишаст ҳамчунин Абдунабӣ Сатторов, профессори Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ва Худобердӣ Холиқназаров, мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии Раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, низ суханронӣ карданд.

"Бо таваҷҷуҳ ба муноқишаҳое, ки дар гӯшаву каноре аз ҷаҳон сар мезананд, омӯзишу воковии раванди оштии тоҷикон ва амалисозии мусолиҳа дар Тоҷикистон метавонад роҳе барои ҳалли он ситезу даргириҳо бошад", — гуфт Абдунабӣ Сатторов.

Худобердӣ Холиқназаров ба тафовутҳои бунёдӣ миёни авзоъ дар Тоҷикистон дар он солҳо ва вазъи Сурия ишора карду гуфт, ки ҳарчанд авзоъ мутафовит аст, вале нуқоти муштарак низ доранд.

"Тафовут дар ин аст, ки дар ҳалли муноқишаи миёни тоҷикон кишварҳое, ки бар нерӯҳои мухолиф таъсиргузор буданд,  манофеъи геополитикии муштарак доштанд. Ҳам Эрон, ҳам Афғонистон ва ҳам Русия дар ҳалли он муноқиша ҳамсуд буданд. Вале дар даргириҳои Сурия ҳар яке аз кишварҳои бузурги минтақа аҳдофу манофеъ ва гурӯҳҳои худро доранд", — тавзеҳ дод вай.

"Аз ин рӯ, ба даст овардани оштӣ дар чунин шароите мушкилтар аст", — гуфт Холиқназаров.

Мавзуҳо:
Ҷашни 20 -солагии Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон (18)
Барчаспҳо:
солгарди оштии тоҷикон, оштӣ, сафорати Тоҷикистон дар Русия, Худобердӣ Холиқназаров, Абдунабӣ Сатторов, Имомуддин Сатторов, Эрон, Сурия, Афғонистон, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ