14:15 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Кайраккумская ГЭС Дружба народов, архивное фото

Тоҷикистон барои навсозии НБО "Қайроққум" аз Бонки урупоӣ 120 милюн дулор мехоҳад

© Sputnik / А. Горячев
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
39 0 0

Музокироти Тоҷикистон бо Бонки урупоии бозсозиву тавсеъа барои дарёфти эътибори бештар барои бозсозии нерӯгоҳи барқобии "Қайроққум" идома дорад

ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории "ТоҷикТА" ба нақл аз манбаъе дар Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, барои дувумин марҳилаи бозсозии НБО "Қайроққум" 120 милюн дулор лозим аст.

Бонки урупоии бозсозиву тавсеъа яке аз сармоягузорони аслии ин тарҳ аст ва давлати Тоҷикистон бо ин бонк барои дарёфти эътибори бештар барои иҷрои ин тарҳ музокиротро идома медиҳад.

Гуфта мешавад, ки пас аз навсозии комил тавоноии нерӯгоҳ аз 126 мегаватт то 170 мегаватт афзоиш хоҳад ёфт.

Ёдоварӣ мекунем, ки БУБТ барои нахустин марҳилаи навсозии НБО "Қайроққум" 71 милюн дулор ихтисос додааст. Дар паи анҷоми ин марҳила аз навсозӣ тавоноии нерӯгоҳ 16 мегаватт бештар хоҳад шуд.

Мавзуъ

Тоҷикистон тарҳи навсозии НБО "Қайроққум"-ро оғоз кард
Тоҷикистон нерӯгоҳҳои барқобии Норак ва Қайроққумро бозсозӣ мекунад
Барчаспҳо:
нерӯгоҳи барқобӣ, бозсозӣ, Бонки урупоии бозсозиву тавсеъа, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ