Арманистону Тоҷикистон ҳамкориҳои низомиро густариш медиҳанд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМашқҳои СПАД соли 2015 дар Арманистон
Машқҳои СПАД соли 2015 дар Арманистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фармондеҳи Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон бо ҳамтои тоҷикаш ҳамкориҳои низомиро баррасӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Фармодеҳи Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон Мовсес Акопян бо ҳайъате баландпоя аз низомиёни арманӣ имрӯз Тоҷикистон рафта то бо ҳамтоёни тоҷикаш дар бораи ҳамкориҳои низомиву фаннӣ музокира кунад.

Арманистон аз Тоҷикистон роҳбарии СПАД-ро қабул кард

Равобити умумии СК НМ Арманистон дар иттилоъияе, ки имрӯз мунташир карда, ҳадаф аз сафари сипаҳбад Акопян ва ҳайъати ҳамроҳашро музокира бо фармондеҳии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳои низомиву фаннӣ гуфтааст.

Арманистону Тоҷикистон ҳамроҳ бо Русия, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон Созмони Паймони амнияти дастаҷамъиро ташкил медиҳанд. СПАД бар асоси Паймони амнияти дастаҷамъӣ бунёд шуда, ки 15 маи 1992 бархе аз кишварҳои узви Иттиҳодияи давлатҳои мустақил имзо карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0