21:56 15 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Флаг группировки Исламское государство (запрещена в РФ), архивное фото

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ДОИШ пайвастааст

© Sputnik /
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
93 0 0

Дар се сол беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон пайваставу аз ин шумор камобеш 300 кас дар ҷангҳои Ироқу Сурия кушта шудааст

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Аз соли 2014 то кунун камубеш 1140 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи ҳаросафкани "Давлати исломӣ" ё ДОИШ пайвастаанд, гуфт муъовини аввали мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров.

Вай дар нишасти расонаие, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, гуфт, аз он шумор камобеш 300 кас дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ кушта шуда, ки ҳалокаташонро наздиконашон таъйид кардаанд.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ҳафтод кас аз ҷангҷӯёни ДОИШ ба Тоҷикистон баргаштаанд. Ба гуфти вай, бархе аз ин шаҳрвандонро давлат афв карда, вале зери назари нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ қарор дода ва онҳо таҳдиде ба амният надоранд.

Сайфулло Сафаров ҳамчунин гуфт, ки бархе аз шаҳрвандони ҶТ, ки дар Сурия ва Ироқ ҳастанд, пас аз оғози амалиёти озодсозии Раққа ва Мавсил аз консулгарии Тоҷикистон дар Туркия дархости ёрӣ барои бозгашт ба кишвар кардаанд.

Вай ҳамчунин афзуд, дида мешавад, ки ДОИШ кӯшиш дорад нерӯҳояшро ба Афғонистон ва Либӣ бикӯчонад.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш нерӯҳои Ироқ шаҳри Мавсил — яке аз муҳимтарин пойгоҳҳои гурӯҳи ҳаросафкани "Давлати исломӣ" дар он кишварро бозпас гирифтанд. Ҷангҳо барои бозпас гирифтани Раққа — пойтахти ДОИШ дар Сурия — ҳамчунон идома доранд.

Мавзуъ

Нақли ҳамсарони ҷангиёни ДОИШ: ғуломӣ ва ночорӣ
Панҷ шарҳванди Тоҷикистон дар Абхозистон ба гумони узвият дар ДОИШ боздошт шуданд
Путин: ДОИШ мехоҳад дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фитна барангезад
Барчаспҳо:
ДОИШ, ҳаросафканӣ, Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ДОИШ, Сайфулло Сафаров, Тоҷикистон-Ховари Миёна

Мавзӯъҳои асосӣ