14:29 27 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
8610

Кумитаи авзоъи изтирорӣ дар сарзамини Тоҷикистон 284 минтақаи балохезро шиносоӣ карда, ки зиндагӣ дар онҳо барои инсон хатарнок аст

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Кумитаи авзоъи изтирорӣ ва дифоъи мадании Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 284 минтақаеро дар қаламрави кишвар шиносоӣ карда, ки эҳтимоли сар задани балоҳои табиъӣ дар онҳо бисёр аст.

Раиси Кумитаи авзоъи изтирорӣ сипаҳбад Рустам Назарзода имрӯз дар нишасти расонаӣ гуфт, ки дар ин манотиқи балохез беш аз 100 ҳазор шаҳрванди кишвар зиндагӣ ба сар мебарад.

Яке аз ин манотиқ дараи рӯди Варзоб аст ва сипаҳбад Назарзода гуфт, ки ки Кумита бархе аз аҳолии ноҳияи Варзобро, ки хонаҳояшон наздик ба рӯд сохта шудаанд, аз хатари селу обхезӣ расман огоҳ кардааст.

Вай гуфт, ки Кумита дар назар дорад иттилоъотро дақиқтар ва феҳристе аз манотиқи балохез дар саросари кишвар таҳия кунад.

Сипаҳбад Назарзода ёдоварӣ кард, ки тарҳи сохтори нави мудирияти Кумитаи авзоъи изтирорӣ ва дифоъи маданӣ омода шуда ва барои баррасӣ ба давлат пешниҳод шудааст. Ин тарҳ дар назар дорад, ки тавони фанниву корафзории Кумита афзуда шуда, ягонҳо ва ё бахшҳои Кумита дар ҳама ноҳияҳои кишвар бунёд карда хоҳанд шуд.

"Кумитаи авзоъи изтирорӣ ва дифоъи маданӣ имрӯз имконе надорад, ки чархболашро сервисрасонии фаннӣ кунад. Мо ҳатто халабон надорем", — гуфт Назарзода.

Вай афзуд, ки Кумита метавонад дар сурати зарурат ва бо дастури раисҷумҳур аз чархболҳои Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марҳбон ва Горди миллӣ истифода кунад.

"Кумита дар моҳҳои сентябр — октябр корафзорҳои наве дарёфт хоҳад кард. Чин ба КАИ ба маблағи 70 милюн юан ё 11 — 12 милюн дулор кумаки фаннӣ хоҳад расонд", — иттилоъ дод сипаҳбад Назарзода.

Қарор аст, ки 62 намуд корафзори фаннӣ ба Кумита вогузор шавад. Ҷопон ба маблағи 500 ҳазор дулор ва Русия ба маблағи 460 ҳазор дулор кумаки фаннӣ ба ин ниҳод бирасонанд.

"Барномаҳо тасвиб шудаанд, муноқисаҳо баргузор шудаанд. Дар миёни мошинолоте, ки бояд дастрасамон шаванд, тракторҳои заминкану булдозер ҳаст, ки дар бартараф кардани пайомадҳои балоҳои табиъӣ бисёр зарурӣ ҳастанд", — гуфт вай.

Раиси КАИ ҳамчунин гузориш дод, ки дар шаш моҳи аввали соли 2017 бар асари балоҳои табиъӣ дар Тоҷикистон 27 кас кушта шуда, хисороти расида аз ин балоҳо беш аз 14,5 милюн сомонӣ арзёбӣ шудаанд. Ҳамчунин дар ин муддат дар обанбору рӯдҳои кишвар 63 кас ғарқ шудаанд.

Сипаҳбад Назарзода ҳамчунин гуфт, ки Кумита барои поидани вазъи кӯли Сарез Раёсати вижаи "Усой" таъсис додааст.

"Дар худи кӯли Сарез, дар Бартанг, ноҳияҳои Рӯшону Дарвоз ва Ҳамадонӣ ва шаҳри Душанбе сомонаи поиши моҳвораӣ аз кӯл гузошта шудааст, ки дар сурати сар задани эҳтимоли хатар мардумро огоҳ мекунанд", — тавзеҳ дод вай.

Ба гуфтаи раиси Кумита, ба зудӣ чунин сомона дар ноҳияи Шаҳритус низ роҳандозӣ карда хоҳад шуд.

Мавзуъ

Назарзода барои наҷоти Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ ба Мексика рафт
Мактуби Назарзода ба Тошканд дар арафаи Наврӯз: “ташаккур барои кӯмак”
Барчаспҳо:
балоҳои табиъӣ, дужомадҳои нобаюсида, Кумитаи авзоъи изтирорӣ ва дифоъи маданӣ, Рустам Назарзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ