18:40 19 феврали 2018
Пахши мустақим
Дата-центр, архивное фото

Трафики интернет дар Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт

© Sputnik / Максим Богодвид
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
116 0 0

Қирғизистон дар афзоиши трафики интернет ба Тоҷикистон ёрӣ мерасонад

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ширкати "Қирғизтелеком" дар марз бо Тоҷикистон бунгоҳи иртибототӣ месозад, ки роҳандозии он трафики интернет дар Тоҷикистонро афзоиш дода ва заминаро барои беҳбуди хадамоти интернетӣ фароҳам мекунад.

Ба гузориши даргоҳи хабарии "24.kg", мақомоти ширкати "Қирғизтелеком" эълом кардаанд, ки бо баҳрабардорӣ аз ин бунгоҳ, ки дар марз бо Тоҷикистон сохта мешавад, имкони баҳрагирӣ аз тавони ин марказ дар шароити қатъи интернет, афзоиши даромади ин ширкат ва тақвияти суръати иртибот бо Тоҷикистон фароҳам хоҳад шуд.

Ширкати "Қирғизтелеком" гуфта, ки сохту роҳандозии ин бунгоҳ ниёзҳои рӯзафзуни Тоҷикистон ба афзоиши трафики интернетро бароварда карда кайфияти фаъолияти ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти интернетиро беҳбуд хоҳад дод.

Ин бунгоҳи иртибототи интернетӣ то поёни имсол ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

Мавзуъ

Шикори теруристҳо дар Интернет: Тоҷикистон роёпулис роҳ андохт
Муллоҳои тоҷикро тавсия доданд, ки интернет ва компютерро омӯзанд
Корбарони интернет дар Тоҷикистон пайгирӣ хоҳанд шуд
Интернет дар Тоҷикистон шӯҳрати худро гум мекунад
Барчаспҳо:
бунгоҳ, трафики интернет, Тоҷиктелеком, Қирғизтелеком, Тоҷикистон-Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ