Сарду гарм: ҳаво дар Тоҷикистон шабона сарду рӯзона гарм мешавад

© AP / Olga TutubalinaГосударственный флаг Таджикистана на флагштоке в Душанбе, архивное фото
Государственный флаг Таджикистана на флагштоке в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 11 декабр ҳаво дар саросари кишвар абриву нимаабрӣ ва сард хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз ҳаво дар саросари кишвар абрноку нимаабрӣ ва сард хоҳад буд.

Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абриву нимаабрӣ ва бебориш хоҳад буд. Бод аз сӯи ғарб бо тағйири ҷиҳат ба шарқ 3 — 8 метр дар сония хоҳад вазид. Ҳаво дар шарқи вилоят шабона 15 — 20 дараҷа сард ва рӯзона 3 — 8 дараҷа сард мешавад. Дар ғарби ин вилоят ҳаво шабона 6 — 11 дараҷа сард ва рӯзона 0 — 5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ ҳаво абрӣ ва бебориш шуда бод аз сӯи ғарб 2 — 7 метр дар сония хоҳад вазид. Шабона ҳаво 4 — 6 дараҷа сард ва рӯзона 3 — 5 дараҷа гарм мешавад.

Бино ба додаҳои ҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Хатлон низ ҳаво абриву бебориш шуда, бод аз сӯи ғарб бо тағйир ҷиҳат ба шарқӣ 3 — 8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар водиҳо шабона 0 — 5 дараҷа сард ва рӯзона 5 — 10 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3 — 8 дараҷа сард шуда ва рӯзона 1 — 6 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳаво абриву бебориш шуда бод аз сӯи ғарб 3 — 8 метр дар сония хоҳад вазид. Ҳаво шабона 0 — 2 дараҷа сард ва рӯзона 6 — 8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи Марказ ҳаво абриву камбориш буда, бод аз сӯи ғарб бо тағйири ҷиҳат ба шарқ 3 — 8 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз —4 то +1 дараҷа сард ва рӯзона 5 — 10 дараҷа гарм ва дар кӯҳсорон шабона 5 — 10 дараҷа сард ва рӯзона —2 + 3 дараҷа мешавад.

Дар вилояти Суғд низ ҳаво нимаабрнок ва бебориш шуда, вале дар бархе аз ноҳияҳо меғолуд мешавад. Бод аз сӯи ғарб бо тағйири ҷиҳат ба шарқ 3 — 8 метр дар сония хоҳад вазид. Ҳаво дар водиҳо шабона аз —4 +1 дараҷа сард ва рӯзона 2 — 7 дараҷа гарм ва дар кӯҳсорон шабона 5 — 10 сард ва рӯзона 0 — 5 дараҷа сард мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳаво нимаабриву бебориш ва меғолуд шуда, шабона 2 — 2 дараҷа сард ва рӯзона 4 — 6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво нимаабрнок ва бебориш шуда, бод аз сӯи шарқ 3 — 8 метр дар сония мевазад. Ҳаво шабона 0 — 2 дараҷа сард ва рӯзона 7 — 9 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0