13:46 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
115 0 0

Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 8 январ ҳаво дар саросари кишвар абрию бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва бебориш пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ гардида, бод аз сӯи шарқ  4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш дар назар аст. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 9-14 дараҷа сард ва рӯзона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 24-29 ва рӯзона 11-16 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок ва тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ гардида, бод аз сӯи шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш дар назар дошта шуда, бод аз сӯи шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
боду ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ