04:45 26 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.50
  • RUB0.15
Визит Эмомали Рахмона в Согдийскую область

Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки дустиву ҳамкориро бо Узбакистон густариш диҳанд

пресс-служба президента Таджикистана
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
38 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони ноҳияи Шаҳристон даъват кард, ки дӯстиву ҳамкориро бо кишвари ҳамсояи Узбакистон густариш диҳанд

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Раисҷумуҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони ноҳияи Шаҳристон, ки ҳамсарҳади Узбакистон мебошад, даъват намудааст, ки муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои тиҷоратиро бо ин кишвар густариш диҳанд.

Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

"Ноҳияи Шаҳристон бо кишвари ҳамсояву дӯсти мо — Узбакистон ҳамсарҳад мебошад, ки ин омил барои сокинони он имкониятҳои зиёд фароҳам меорад. Яъне бо истифода аз ин имконият шумо метавонед ҳарчи бештар ҳамкорӣ кунед ва робитаҳои дӯстиву тиҷоратиро бо бародарони узбек густариш диҳед", — таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Инчунин вай изҳори қаноатмандӣ намудааст, ки дар ноҳияи Шаҳристон тоҷикону узбекҳо дӯстона зиндагӣ мекунанд.

"Шумо ҳамеша дар хотир бояд дошта бошед, ки муносибатҳои дӯстонаи мо таърихи чандинасра доранд ва дар саргаҳи ин робитаҳо фарзандони фарзонаи халқҳои мо Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ қарор доранд", — афзудааст раисҷумҳур.

Лозим ба ёдоварист, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 25 июн бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва иштирок дар ҷашни фархундаи миллӣ — Иди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Истаравшан сафар кард.

 

Барчаспҳо:
Шаҳристон, Раҳмон, Узбакистон, ҳамкорӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ