Таъмири ТАЛКО тавлиди алюминийро дар Тоҷикистон коҳиш дод

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкТаджикский алюминиевый завод, архивное фото
Таджикский алюминиевый завод, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Таъмири корхонаи “ТАЛКО”, ки қарор аст, то охири соли равон идома ёбад, сабаби коҳиши тавлиди алюминий дар Тоҷикистон шудаст

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Ширкати (ТАЛКО) ҳаҷми истеҳсоли алюминий — маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистонро дар шаш моҳи аввал ба миқдори се ҳазор тонна коҳиш додааст, хабар додааст хабаргузории ТоҷикТА.

"Тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ дар корхона 54,8 ҳазор тонна алюминий тавлид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор тонна кам мебошад", — иттилоъ медиҳад Вазорати саноат Тоҷикистон.

Логотип компании Газпром , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаримаи "Газпромнефт"-у ТАЛКО барои нақзи қонунҳои Тоҷикистон

Бино ба иттилои манбаъ коҳиши истеҳсоли алюминий дар Тоҷикистон, ба сабаби таъмири корхона ТАЛКО сурат гирифтааст. Таъмир корхона то охири соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.

Инчунин таъкид гардид, ки 48 ҳазор тонн маҳсулоти истеҳсолшуда ба хориҷ аз кишвар содир шудааст, дар дохили кишвар бошад ҳамагӣ 4 ҳазор тонна алюминий коркард карда шуд.

Тибқи маълумоти қаблӣ, ширкати ТАЛКО дар соли ҷорӣ нақша дошт 168 ҳазор тонна алюминий тавлид намояд.

Тибқи дурнамо ширкати ТАЛКО, то соли 2020 истеҳсоли алюминийро ба 349 ҳазор тонна хоҳад расонд. Ин ҳам дар ҳолест, ки то соли 2030 истеҳсоли алюминий дар ин корхона, то 380 ҳазор тонна мерасад. 

Лентаи хабарҳо
0